ДомойОзмунҳо/ГрантҳоТренингҳо дар мавзӯи «онлайн-журналистика ва рушди рақамии Авруосиё»

Тренингҳо дар мавзӯи «онлайн-журналистика ва рушди рақамии Авруосиё»

Ҳафтаи охири моҳи апрел Digital Report дар Туркия, барои рӯзноманигорони ҷавон аз кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзиши панҷрӯза, ки  ба ҷанбаҳои асосии журналистикаи онлайнӣ ва проблемаҳои асосии бахши технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ бахшида шудааст, доир хоҳад намуд. Модулҳои омӯзишӣ, идоракунии байналмилалии интернет, ҷустуҷӯ ва пешбурди иттилоот дар Twitter, VK ва YouTube, масъалаҳои махфият ва тафтиши маълумотҳо дар интернет, инчунин мастер-класс аз тарафи мутахассисони пешбар оид ба киберамният, танзими ИКТ ва сиёсатро тавзеҳ медиҳанд.

Талабот аз номзадҳо:

  • донистани забони русӣ / сатҳи касбӣ (таҷрибаи навиштани мавод бо забони русӣ).
  • Донистани забони англисӣ –қобили қабул аст.
  • Маълумоти олӣ ё таҳсил дар яке аз курсҳои олӣ.
  • Доштани  таҷрибаи се солаи корӣ  дар соҳаи журналистика.
  • Малакаҳои корӣ оид ба системаи оператсионӣ, пакети корӣ.
  • Малакаҳои асосии кор бо иттилоот дар мошинаҳои ҷустуҷӯӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
  • Доштани имконияти сафар ба хориҷа.
  • Мавҷудияти ноутбук.
  • Доштани хоҳиши  тавзеҳи мавзӯъҳои омӯзиши иттилоотӣ ва сиёсати телекоммуникатсионӣ ва танзими (ҳукумати электронӣ / давлат, сиёсати танзимкунанда, сиёсати иттилоотӣ, амният дар киберфазо, онлайн-бизнес-тиҷорат, ҳуқуқ ва озодии онлайнӣ, муқовимати иттилоотии байналмилалӣ / таблиғот, телекоммуникатсия ва ғайра.) баъди хатми тренинги мазкур.

Лутфан хоҳиш карда мешавад, ки шарҳи ҳол ва то панҷ намунаҳои маводи худро ба  Станислав, ба суроғаи  s.budnitsky@secdev-foundation.org ирсол намоед.

Digital Report – иттилооти нав, платформаи таҳлилӣ ва касбӣ бо забони русӣ, шарҳи  рушди рақамии Авруосиё: аз хадамоти ҳукумати электронӣ ва ҷанги иттилоотӣ байналмилалӣ то навовариҳои қонунгузорӣ ва тамоюлҳои бозорӣ дар технологияҳои иттилоотӣ.

— Маълумоти бештар дар: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ