ДомойМедиалентаВебинар «Ташкили харитаҳои интерактивӣ бо истифода аз Google Fusion Tables ва...

Вебинар «Ташкили харитаҳои интерактивӣ бо истифода аз Google Fusion Tables ва BatchGeo»

30 апрел соати 20:00 дар Остона ва Бишкек,  19:00 бо вақти Душанбе — вебинари Олег Хоменко «Ташкили харитаҳои интерактивӣ бо истифода аз  Google Fusion Tables ва BatchGeo» баргузор мегардад.

Иштирокчиён дониш ва таҷрибаро дар офариниши харитаҳои интерактивӣ пайдо хоҳанд кард, он имконияти тасаввуркунии маҷмӯи маълумотро дар робита ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо медиҳад.

  • Чӣ гуна маълумотро мо метавонем бо кортҳо тасаввур кунем?
  • Бо кадом формат маълумот ба мо лозим аст, то ки дар харита онро ҷой диҳем?
  • Ворид намудани маълумот дар ҷадвалҳои Fusion Tables ё BatchGeo.
  • Намоиш додани маълумот дар харитаҳо ва ҷойгир намудани онҳо дар сомонаҳои худ.

 

Маълумот дар бораи мураббӣ

Олег Хоменко, коршиноси ВАО, мураббии соҳаи рӯзноманигорӣ, мушовири идоракунии ВАО, узви Шӯрои шабакаи ҷаҳонии журналистон-тадқиқотчиён, мушовири калон оид ба масъалаҳои медиавии Internews Network, ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба дастгирии тадқиқотҳои жураналистии SCOOP-и Украина, дар  соли 2003.

Аксҳо аз саҳифаи шахсии Олег дар Facebook

 

Дар соҳаи журналистика аз соли 1992, дар оҷонсии иттилоотӣ ва матбуот фаъолият бурдааст.

Мураббӣ ва мушовири соҳаи журналистика ва менеҷменти матбуоти FOJO (Kalmar, Sweden), World Bank Institute, BBC World Service Trust ва NewsPlex of South Carolina University мебошад.

Аз соли 1998, беш аз 300 ҷаласаҳои омӯзиширо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла: таҳқиқоти журналистӣ, расонаҳои нав, асосҳои журналистика, идоракунии ВАО, ҳамкории ВАО ва хизматрасониҳои матбуотӣ дар Озарбойҷон, Албания, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон , Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина ва Шветсия гузаронидааст.

Муаллифи нашрияҳо ва китобҳо дар бораи таърихи давраи пеш аз инқилобии Қрим, тайёр намудани журналистон, таҳқиқоти журналистӣ, ҳисоботи интихобот ва идоракунии ВАО мебошад.

Барои номнавсикунӣ дар вебинари ройгон, метавон ба воситаи сарчашма ворид шуд. Диққат! Ба вебинар тавассути браузерҳои Google Chrome, Firefox ва  Opera метавон дастрасӣ пайдо намуд.

Барои он ки иштирок дар вебинар самаранок гардад, боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо соҳиби аккаунт дар Google ( почта дар Google)ҳастед, оё дар компютератон Excel насб шудааст ё на ва инчунин дар Dropbox номнавис шудаед.

Вебинар «Ташкили харитаҳои интерактивӣ бо истифода аз Google Fusion Tables ва BatchGeo»  аз ҷониби намояндагии Internews Network, дар доираи дастгирии дастрасӣ ба маълумот ташкил шудааст. Он ба шарофати дастгирии мардуми Амрико ва кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ