ДомойМедиалентаЧӣ тавр онлайн-баҳисобгирӣ ба кори нашрия таъсир мерасонад

Чӣ тавр онлайн-баҳисобгирӣ ба кори нашрия таъсир мерасонад

Воситаҳо барои чен кардани ин ё он нишондоди ҳамгироии шунавандагони интернет, бояд қисми ҷудонопазири кори ҳаррӯзаи медиа-онлайн бошад.

Бо кӯмаки онҳо мо метавонем «самаранокии» -и муҳтаво, эҳтиёҷоти хонандагон / тамошобинон / шунавандагонро таҳлил кунем, стратегияи рушди маводҳоро созем, бо шакл ва сохтори он озмоиш гузаронем.

Аммо, истифодаи мунтазами ин баҳисобгирӣ(метрика) ба таври назаррас  ба кори ҳаррӯзаи журналистон таъсир мерасонад ва ин омил низ бояд дар ҳар як медиа ба инобат гирифта шавад.

Яке аз чандин таҳқиқот дар ин соҳа дар Маркази онлайнии рӯзноманигории The Tow Center (ИМА), дар асоси ду  ВАО-и онлайнии бузург-Gawker Media ва The New York Times анҷом дода мешавад.

Хулосаҳое, ки аз ҷониби муаллифи кор Кейтлин Петре (Caitlin Petre) расидааст, барои ВАО-и кишварҳои гуногун марбутанд.

Нишондиҳандаҳои онлайнӣ (ҳисобкунӣ), ба вазъи равонии рӯзноманигорон таъсири калон хоҳад расонид. Петре дар бораи пайдоиши ҳолати ҳаяҷоннокӣ, нооромӣ, нобоварӣ ба худ, эҳсоси комёбӣ, ҳасад ва ҳатто рӯҳафтодагӣ навиштааст.

Табиист, ки чунин ҳиссиёт наметавонад ягон таъсири худро ба кори умумии нашрия нагузорад. Ва инро бояд роҳбарони ВАО ба инобат гиранд.

Рейтингҳо дар асоси трафикҳо, метавонад дигар шаклҳои баҳодиҳиро «хомӯш» кунад.

Ба рӯзноманигорон дар атрофи ин нишондод истодан, ҳатто агар он меъёри ягонаи арзёбии мавод набошад ҳам, хос аст.

Рағбат доштан ба теъдоди зиёди «лайкҳо»,  баъзан хабарнигорро аз воқеият ва пайравии қоидаҳои таҳрирӣ дур месозад.

Таҳлил метавонад як воситаи ҷиддии стратегӣ гардад.

Аммо барои ин таҳқиқоти дарозмуддату  ҷиддӣ, ки рафти глобалии ВАО-ро ба инобат мегирад, талаб карда мешавад. Дар нашрия, чун анъана, бояд ҳисобот  «фавран»,  бе ҳадафҳо  ва вазифаҳои мушаххас аз назар гузаронида шавад.

Интихоби воситаҳои онлайнӣ- таҳлилӣ

Таҳлили функсионалии хизматрасонии ройгон ва пулакӣ гуногун аст. Мавқеи идеалии медиаро низ, бояд асбобе, ки ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои мушаххас аст, интихоб намояд.

На ҳама чиз метавонад,  ё бояд ҳисоб карда шавад.

Тамошои маълумот ва ташрифорӣ, албатта  метавонад ба мо дар тасвир намудани арзиши муайяни мавод кӯмак кунад, вале омилҳое ҳастанд, ки ба воситаи асбобҳо чен кардани онҳо имконнопазир аст, масалан, аҳамияти иҷтимоии он. Ба ибораи дигар, мо набояд ҳамеша нишондиҳандаҳои миқдориро бо сифатӣ баробар кунем.

Нусхаи пурраи таҳқиқотро бо забони англисӣ метавон дар инҷо пайдо кард.

Манбаи акс дар пешнамоиш: flickr.com.

Сарчашма: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ