ДомойОзмунҳо/ГрантҳоДархост барои иштирок дар хакатони Осиёи Марказӣ оид ба маълумоти кушода

Дархост барои иштирок дар хакатони Осиёи Марказӣ оид ба маълумоти кушода

Барномаи  «Свобода информации» -и Фонди  «Сорос-Қирғизистон»  ва Фонди ҷамъиятии  «ИТ Аттрактор» барои иштирок барномасозон, журналистон ва фаъолони иҷтимоиро  ба аввалин Хакатони Осиёи Марказӣ оид ба маълумоти кушода, ки дар Бишкек ва Иссиқ-Кӯл аз санаи  9 то 13 июн баргузор мегардад, даъват мекунанд.

Қабл аз як рӯзи омӯзиш дар Бишкек ва се рӯзи кори пуршиддат дар Иссиқ-Кӯл, иштирокчиён дониш ва малакаи кориро доир ба иттилооти кушода ба даст хоҳанд овард.

Ҳамагӣ шаш даста ташкил карда мешавад, ки дар ҳар яке- 2 барномасоз, 2  рӯзноманигор ва 2 фаъоли иҷтимоӣ хоҳад буд.

Аз 11 то 22 майи соли ҷорӣ, созмондиҳандагон бо интихоби иштирокчиён ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо машғул хоҳанд шуд . Дар бораи шароити интихоб ва иштирок кардан метавон дар саҳифаҳои зерин барои барномасозон, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа маълумот пайдо намуд.

Чорабинӣ дар Бишкек, санаи 8 июн оғоз мегардад. Семинарҳои омодагӣ 9 июн. 10 июн ҳамаи дастаҳо, мураббиён ва коршиносони даъватшуда оид ба маълумоти кушода, барои кори пуршиддат ба Иссиқ-Кӯл фиристода мешаванд.

Дархостҳо то худи рӯзи 22 май қабул карда мешаванд.

Маълумоти бештарро метавонед дар сомонаи чорабинӣ пайдо кунед.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ