ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни грантҳои хурд барои ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Озмуни грантҳои хурд барои ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Logo-US+Int1

Намояндагии шабакаи Internews Network  дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА (USAID), озмуни грантҳои хурдро барои ВАО эълон мекунад.

Вазифаҳои грантҳои хурд — ҳавасмандгардонии журналистон ба истеҳсоли сифати баланди корӣ оид ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, мубодилаи барномарезӣ  байни ВАО-и мустақил дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.

Internews дорои истеҳсоли медиамӯҳтаво (аз суҷаҳои иттилоотӣ ва барномаҳои афкорӣ то хабарҳои тасвирӣ -фоторепортаж) мебошад.

Internews дорои истеҳсоли:

  • силсилаи суҷаҳои иттилоотӣ (давомнокӣ то 3 дақиқа)
  • силсилаи гузоришҳои махсуси иҷтимоӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз (телевизион ва радио бо вақти аз 2 то 5 дақиқа), гузоришҳои тасвирӣ метавонад (на камтар аз 10 акс) бошад.
  • барномаҳои таълимӣ –иттилоотӣ (давомнокии аз 13 то 26 дақиқа).

Internews  дорои дархостҳои грантӣ, барои лоиҳаҳо оид ба мавзӯъҳои зерин мебошад:

  • Ҳуқуқ
  • Ҷомеа бар зидди коррупсия
  • Гендер
  • Иқтисод
  • Вазъи ВАО
  • Ташаббусҳои ҷавонон
  • Муҳити зист (тағйирёбии глобалии иқлим)
  • Мавзӯъҳои таҳаммулпазирӣ
  • барномаҳои иҷтимоӣ (марбут ба минтақа ва тамоми кишвар)

Барномаҳои мавзӯӣ метавонанд дар жанрҳои гуногун (гузориши махсус, барномаи таҳлилӣ, таҳқиқоти журналистӣ, маҷаллаи телевизионӣ ва ғайраҳо) амалӣ карда шаванд. Дар ин лоиҳа, Internews  барномаҳои оид ба мавзӯъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, фароғатӣ, филмҳои бадеӣ, роликҳои  иҷтимоӣ ва наворҳои мусиқавиро дар бар намегирад.

Шарти ҳатмӣ барои гирандагони грант, ин сармоягузории маблағҳои худӣ  ё маблағҳо аз дигар донорҳо  ва созмонҳои тиҷоратӣ барои татбиқи лоиҳа маҳсуб меёбад.

Саҳми худ бояд дар буҷети лоиҳа муайян карда шавад. Бо вуҷуди ин, иҷора ва таҷҳизоти телевизионӣ, арзиши эфир саҳми хусусӣ ҳисобида намешаванд. Маблағи дархостшуда, мутобиқи асъори миллӣ  набояд  аз 1000 доллари ИМА зиёд  бошад.

Интернюс ҷудо кардани  грантҳои хурдро ба таври доимӣ, моҳи майи соли 2015 ба нақша гирифтааст.

Ҳамаи дархостҳо, аз ҷониби ҳакамони иборат аз менеҷерони минтақавии Internews  баррасӣ хоҳанд шуд.

Гирандагони эҳтимолии грант бошанд, аз ҷониби аъзои ҳакамон ба таври доимӣ, бо  гирифтани дархост муайян карда мешаванд. Грантҳои хурд пас аз истеҳсоли мӯҳтаво дода мешаванд. Internews  ҳуқуқи аввалиндараҷаро оид ба  паҳн намудани муҳтаво, ки дар натиҷаи лоиҳаҳои грантӣ,  дар байни ВАО-и се кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ба даст хоҳад овард.

Ҳуқуқи афзалиятнокро дар гирифтани грантҳои хурд ВАО, ки  дар лоиҳаи  Internews ««Обмен контентом» (мубодилаи мӯхтаво) иштирок намудаанд, пайдо хоҳанд намуд.  Дар ин лоиҳа ҳамчунин метавонанд, ҳамаи васоити ахбори оммаи мустақил аз кишварҳои дар боло зикр гардида, иштирок кунанд.

 

Барномаҳои грантӣ аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:

  • Мӯҳтаво бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқии кишварҳо нест.
  • мӯҳтаво нуқтаҳои назари гуногунро нишон медиҳад
  • мӯҳтаво манфиати ягон ҳизб ва шахсони сиёсӣ, динӣ ва дигар ашхоси ҷудогонаро таъқиб намекунад.
  • мӯҳтаво ҷавобгӯ ба мавзӯъҳо ва жанрҳои изҳордоштаи Internews мебошад
  • эҷодкорӣ истифода бурда мешавад.
  • Сармоягузории хусусӣ барои  рушди  лоиҳа
  • асосноккунии лоиҳа дар якчанд забон

Ариза барои гирифтани грант (шакл замима мегардад), бояд шарҳ, мақсад, натиҷаҳои дилхоҳи лоиҳа (чаро ва чӣ гуна лоиҳа таваҷҷӯҳӣ ҷамъиятро ҷалб мекунад), нақшаи корӣ, буҷа (шакл замима мегардад)-ро дар бар гирифта бошад. Ҳатман мебояд шунавандагони мақсаднок ва  ҳудудеро, ки онро лоиҳа фаро мегирад, ишора намуд.

Ариза  дар шакли электронӣ бо забони русӣ  қабул карда шуда,  бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

  • Дар кадом категория ё мавзӯъ ариза пешниҳод мегардад;
  • Номи лоиҳа (бояд ба номи барнома мувофиқат кунад);
  • жанре, ки дар он лоиҳа гузаронида мешавад;
  • Давомнокӣ барои аудио ё видео;
  • забоне, ки бо он барномаҳо таҳия мешаванд;
  • тавсифи лоиҳа (проблемаҳои воқеӣ, мавзӯи барномаҳо дар  давра,  кадом масъалаҳо бардошта  мешаванд);
  • тавсифи эҷодӣ (нақшаи сенария ё тафсилоти бахшҳо, формати барнома);
  • Буҷети лоиҳа (бо нишон додани саҳми худ);
  • Тавсиф, чӣ гуна лоиҳа пас аз анҷоми гранти хурди Internews ба роҳ монда мешавад.

Тавсия дода мешавад, ки барои ба ариза, шарҳи мухтасар (резюме)-и иштирокчиёни лоиҳа илова карда шавад.

Аризаро ба ҳамоҳангсозони лоиҳа, бо суроғаҳои зерин  ирсол кунед:

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ