ДомойОзмунҳо/ГрантҳоKloop Media дар Қирғизистон мактаби тобистонаи рӯзноманигориро мекушояд

Kloop Media дар Қирғизистон мактаби тобистонаи рӯзноманигориро мекушояд

Kloop Media нафаронеро, ки мехоҳанд хабари воқеиро созанд, ба мактаби журналистикаи худ даъват мекунад, дарсҳо 15 июн дар Бишкек оғоз меёбанд.

Таҳсил дар мактаби журналистикаи Kloop Media чӣ медиҳад?

— Таҳсил дар мактаби рӯзноманигорӣ ба натиҷа равона карда шудааст- ҳар як  донишҷӯ маводи беназирро барои хонандагони асил эҷод ва нашр мекунад.

— Донишҷӯёни мактаби Kloop Media, аз оғози омӯзиш мусоҳиба гирифта, мавод дарҷ менамоянд.

— Дар мактаб дарсҳо аз ҷониби мураббиёни доимӣ гузаронида мешаванд, аммо донишҷӯён имконияти иштирок карданро дар мастер-классҳо ва вохӯриҳо бо рӯзноманигорони машҳури ҷаҳон доранд.

— Kloop.kg –ин натанҳо яке аз захираҳои иттилоотии маъмул дар Қирғизистон, балки  заминаест, барои ғояҳои наҷиб ва таҷрибаҳои журналистӣ.

— Донишҷӯёни мактаб имконият пайдо мекунанд, ки  робитаҳои ҷолиби касбӣ ба даст оварда, ҷаҳонбиниашонро васеътар созанд.

— Донишҷӯёни мактаби Kloop Media, ба таҷҳизоти касбӣ дастрасии номаҳдуд доранд.

— Омӯзишро метавон бо таҷрибаи истеҳсолӣ омехта намуд.

— Хатмкунандагони мактаби рӯзноманигорӣ метавонанд бомуваффақият дар бузургтарин ВАО-и Қирғизистон ва нашрияҳои хориҷа фаъолият бурда: портфолиои корӣ, дониш ва малакаҳои зарурӣ, таҷрибаи амалӣ ва алоқаҳои касбӣ ба даст оваранд.

— Хатмкунандагони беҳтарин метавонанд ба осонӣ дар муҳити ВАО-и Қирғизистон ҷои кор пайдо намуда, дар ин муҳит мақоми баландро соҳиб гарданд (ҳатто бе дипломи мактаби рӯзноманигорӣ).

— Kloop Media ҳуқуқи донишҷӯёни худро оид ба миллат, нажод, дин, синну сол ё тамоюли ҷинсиашон поймол намесозад.

 Маблағи таҳсил

Маблағи таҳсил барои се моҳ 12 000 сомро ташкил медиҳад.

Маблағи таҳсилро метавонед комилан якбора (бо 10% тахфиф — 10 800 сом барои тамоми таҳсил)  ё 50% — 6000 сом барои моҳи якум ва дуюми таҳсил пардохт намоед.

Оғози таҳсил: 15 июни соли 2015.

Ҳаҷми дарсҳо

Курси таҳсил мувофиқи нақша се моҳ давом мекунад: 1 ҳафта назария бо мураббӣ + 2 ҳафта таҷриба бо муҳаррир, барои ҳар чор самтҳо (журналистикаи онлайнӣ, гузориши аксӣ, радио ва қонуни воситаҳои ахбори омма).

Мактаби рӯзноманигории Kloop Media — курси пуррае аст, ки ҳамаи чизҳои муҳимро барои фаъолияти мукаммали рӯзноманигори касбӣ дар бар мегирад. Қобилияти кор карда тавонистан дар ҳама гуна шакл (матн, акс, радио, видео) рақобатпазирии хатмкунандагони моро дар бозори ВАО зиёд менамояд, ба ин хотир мо ба донишҷӯён танҳо бо матн ва ё танҳо бо расмҳо кор карданро таълим намедиҳем.

Дарсҳои назариявӣ дар ҳафтаи муқарраргардида, аз душанбе то рӯзи ҷумъа аз соати 14:30 то 17:00 баргузор мегарданд, вақти дарсҳои амалияи муҳаррирон бо  донишҷӯён мувофиқат кунонида шудааст.

Дар ҳолати зарурӣ, вақти дарсҳои назариявӣ бо ҳамаи иштирокчиён ва мураббиён мувофиқат кунонида шуда, метавонад тағйир ёбад.

Дарсҳои назариявӣ на дертар аз соати 16:00 оғоз ёфта, рӯзҳои истироҳат гузаронида намешаванд.

Маълумоти бештар ва ба руйихатгири тариқи истинод.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ