Сабтҳои видеоии конфронсу баромадҳо, семинарҳо ва рӯйдодҳо метавонанд ҷолиб ва интерактивӣ гарданд. Агар ба сабти тайёр шарҳи бештар, расмҳо ва ҳатто харитаю истинодҳо илова карда шаванд.
Studio.zentrick.com-онлайн хизматгузорие мебошад, ки барои дохил кардани маълумоти мухталиф ба сабтҳои видеоии тайёр кӯмак мерасонад. Барои истифодаи хадамоти мазкур бояд худро ба қайд гузошт. Дар заминаи асбобҳо, Experience-ро интихоб мекунем ва офаридани видеои интерактивиро идома медиҳем.
Ин кор хеле осон аст- Шумо метавонед роликро ба хадамот зеркашӣ кунед ва ё истиноди онро дар YouTube нишон диҳед.
Дар сархатҳои зерин бояд номи видео муайян гардида, тавсиф, калимаҳои асосӣ(тегҳо) гузошта шаванд, имконоти дахлдор интихоб карда шаванд — масалан оё баъди намоиш рӯйхат сабтҳои монанд ва ғайраро нишон медиҳад.
Кор бевосита бо сабтҳо, аз Design дар панели болоии асбобҳо оғоз меёбад. Дар менюи чап шумо метавонед бахшҳои имконпазирро барои ороиши видео пайдо кунед, фосилаи корӣ аз тарафи рост- ҷой барои лоиҳаи Шумо.
Матн, тасвир, тугма, карта ва дигар чизҳоро дар банди дилхоҳ интихоб мекунем. Дар фазои корӣ пойгаҳи алоҳидаи ин функсия пайдо мешавад.
Дар ин ҷо шумо метавонед танзимоти варианти интихобкардаро таҳрир карда, қисмати заруреро дар видео ба ҳаракат дароред ва ғайра.
Барои дидани натиҷаи пешакӣ, банди Design Mode-ро пахш кунед. Лоиҳа тайёрро нашр мекунем (интишор дар болои панел) ва онро тавсиф медиҳем. Хадамот аз шумо интихоб кардани нақшаро талаб мекунад – тафсири ройгон имконияти тамошои 3000 видеои интерактивиро медиҳад.
Арзиши тафсири пулакӣ бо шумораи бемаҳдуди тамошо- 300 $-ро ташкил медиҳад.
Баъди интихоби нақша, муқаррар мекунем, ки нашрияро барои чӣ истифода мебарем – бо кӯмаки рамз ба сомона гузошта, истинодро ба Twitter, Facebook ва ғайра ирсол мекунем.
Мисоли хурд оид ба истифодабарии хизматрасонӣ:
Мо интизори саволҳо ва шарҳҳои Шумо ҳастем.
— Матни аслӣ дар:http://newreporter.org/