ДомойМедиалентаҒояи медиаи оянда бо хакатони BBC

Ғояи медиаи оянда бо хакатони BBC

Ҳафтаи гузашта, рӯзноманигорон, интернет-дизайнерон ва таҳиякунандагон дар Лондон ҷамъ омаданд, то дар хакатони дурӯзаи The News Industry Accelerator, ки аз тарафи BBC ва шабакаи глобалии муҳаррирон (Global Editors Network (GEN) ташкил шуда буд, иштирок кунанд.

Вазифаи дастаҳо аз таъсис додани замимаҳои пойгаҳ (платформа) ва дастгоҳе, ки дар маҷмӯъ ба рушди саноати ахбор мусоидат менамояд, иборат буд.

Лоиҳаҳо аз ҷониби ҳакамон беҳтарин дониста шуданд. Нигаред, ғояҳои ҳамкасбон ҳамеша ҷолиб аст, шояд баъзе аз онҳо барои ВАО-и  шумо муносиб бошад.

OneStory

Коркарди The Times. Ғояи пойгаҳ аз он иборат аст, ки барои истифодабарандагон имконияти гирифтани маводе, ки дар айни замон ба табъ /хоҳиши онҳо мувофиқат мекунад, фароҳам оварда шавад. Масалан,  як маводро  метавон қироат намуд,  видеои онро тамошо ва гӯш кард.

Дар назар аст, ки вазифаи OneStory ба рӯзноманигорон  сарфа намудани вақтро ҳангоми кушодани рамзи аудио ва видео кафолат диҳад, зеро пойгаҳ ба таври худкор онро ба анҷом хоҳад расонид.

Perspex от The Trinity Mirror.  Даста  барномаи хабарии агрегатиро, ки он на шӯҳрат, балки ахборотро ба навъҳо ҷудо месозад ва аз нуқтаи назар дар он рӯйдодҳо равшану возеҳ инъикос мегарданд, пешниҳод намуд.

Хонандагон метавонанд дар байни бетарафӣ,  мавқеи сиёсии  «чап» ё «рост»-ро интихоб кунанд- мавод аз ҷониби  технологияе, ки BBC, Juicer API таҳия намудааст, ҷудо карда хоҳад шуд.

Ё кунҷи шарҳи воқеаҳо вобаста ба маҳаллисозии ВАО — розӣ ҳастед, ки  рақобатҳои  миллӣ бо  фарогирии гуногун дар ВАО-и  ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ инъикос мегардад?

Дар ин ҳолат, истифодабарандагон имконият пайдо мекунанд, ки ба кадом категория муносибат доштани таърихро муқарар карда,  овоз диҳанд, барнома дар оянда муайян намудани дараҷаи худро хоҳад омӯхт.

The Journalist Toolbox, муаллифони— The Sunday Times.  Номгӯи асбобҳое (нусхаи асл аллакай дастрас аст), ки ба журналистон дар эҷод намудани  ҳикояҳои ҷолиби визуалӣ ва интерактивӣ кӯмак хоҳад кард. Дар назар аст, ки система хадамоти дахлдорро пешниҳод созад – барои ин танҳо лозим аст, он чизеро, ки шумо мехоҳед тавсиф диҳед, пешакӣ муайян кунед.

Дар манбаъ ташкили филтрҳо оид ба забон, мураккабии асбобҳо категорияҳо, ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки феҳраст  аллакай моҳи тобистон ба кор андохта хоҳад шуд.

Пифагор — хизматрасоние мебошад, ки ба рӯзноманигор  барои ташаккули минбаъдаи суҷа, дар асоси маълумоти дастрас аз сарчашмаҳои гуногун мусоидат хоҳад намуд.

Voxpopper — замимае, ки ба воситаи он метавон  паёмҳои садоӣ, баннерҳо, ки дар оянда ба теъдоди зиёди мардум дастрас хоҳад буд, ба вуҷуд овард.

Оид ба дигар лоиҳаҳо, маълумоти бештарро  метавон дар инҷо пайдо кард.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ