«То чӣ андоза ба маводҳое, ки дар интернет навишта шудааст метавон бовар кард?» -ҳамин тавр дарс оид ба медиатаълимот дар Оскаргимназияи Шветсия оғоз мегардад. «Оё шумо аз Википедия истифода мебаред? Чӣ мешуд, агар касе дар он маълумоти нодурустро қасдан ҷой медод? Биёед ин корро худамон мекунем. »
Медиатаълим – фанни алоҳида дар мактаби Шведсия маҳсуб меёбад. Ба кӯдакон дар навбати аввал, ба маълумот бо нигоҳи танқидӣ назар карданро меомӯзанд. Дар кишвар якчанд манбаъҳои махсуси таълимӣ аз қабили, Medie Kompass, MIK-rummet таъсис дода шудааст. Ин манбаъҳо дар асоси воқеаҳои дар кишвар ва ҷаҳон рӯйдода, мавзӯъҳои мувофиқро барои кӯдакон интихоб карда, ба омӯзгорон онҳоро дастур медиҳад.
Дар ин ҷо – филмҳои тасвирӣ, кроссвордҳо, санҷишҳо ҷой дода шудаанд, ин ҳама имконият медиҳад, ки то чӣ андоза хонандагон метавонанд далелҳоро дарк ва истифода баранд, баҳогузорӣ карда шавад.
Саводнокии медиавӣ– ин маҷмӯи маҳоратҳоест, ки ба мо имконияти таҳлил, баҳогузорӣ ва эҷод кардани паёмҳоро дар намудҳои гуногуни ахбори омма медиҳад.
«Тибқи омори Аврупо, 45% кӯдакони 2 -сола ба шабакаи интернет ворид шудаанд. 80%-и кӯдакони синни то дувоздаҳсола соҳиби смартфонҳо ҳастанд», — мегӯяд коршинос Фоҷо Еран Андрессон. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки эҳтиёҷ ба таълими медиавӣ танҳо зиёд хоҳад шуд.
Дарсҳои медиасаводнокӣ тариқи интерактивӣ мегузаранд. Мактаббачагони хурдсол аз рӯзномаҳо оид ба мавзӯи додашуда маводҳоро бурида, аз онҳо тасвири ҳафтаро тартиб медиҳанд. Хамин тавр диққати мактабиёнро ба медиа ҷалб намуда, ба онҳо бо иттилоот корбарӣ намуданро меомӯзанд. Дар синфҳои болоӣ толибилмон худашон барномаҳои радио- телевизионӣ таҳия намуда, рӯзнома мебароранд. Аммо аз ҳама муҳим, бояд ба ҳар гуна мавзӯъ ва ҳар гуна иттилоот бо назари танқидӣ нигоҳ карданро омӯхт.
«Биёед, маълумотро дар Википедиа оид ба шумораи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид» (ООН) иваз мекунем — идома медиҳад омӯзгори Оскаргимназия. Якчанд нидоҳо (клик) ва ҳамин тавр Созмони Милали Муттаҳидро 200 нафар аъзо ташкил медиҳад. Ин аст як намунаи хеле содда барои хонандагон. Он ба толибилмон дар интернет бо маълумот корбарӣ намуданро нишон медиҳад ва ба онҳо тафтиш намудани далелҳоро, чӣ қадаре, ки онҳо ба воқеият наздик набошанд ҳам меомӯзад.
Ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кунед:
• Кӣ ин саҳифаро дар интернет таъсис додааст?
• Бо кадом мақсад ин саҳифаро кушодаанд? Шояд он на маълумоти боэътинод буда, шӯхӣ ё киноя бошад?
• Кӣ барои пайдо шудани ин мавод маблағ ҷудо менамояд?
• Он сарчашмаи асосӣ аст ё танҳо маводи чопшуда?
• оё сарчашма метавонад, воқеъбинона иттилоотро арзёбӣ кунад?
Шветсия бо таҷрибаи худ дар соҳаи медиатаълимот, бо кишварҳои дигар шарикӣ дорад. Дар Fojo — институти такмили ихтисоси журналистон, мактаби тобистона оид ба медиатаълимот таъсис ёфтааст.
Омӯзгорон ва медиакоршиносон аз Беларусия, Украина, Арманистон роҷеъ ба рушди саводнокии медиавӣ дар кишварҳояшон табодули таҷриба мекунанд.
Алена Палейка, методисти институти миллии илмӣ (Беларус):
«Дар Беларусия ҳоло консепсия ва стандарти таҳсилоти медиавӣ вуҷуд надорад. Аммо ба туфайли гурӯҳи одамони рӯҳбаланд, ки омӯзгорон, олимон, мураббиён, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиро ба ҳам мепайванданд, ба мактабҳо таълимоти медиавӣ хоҳад омад. Ва дар мо 13 пойгаҳи инноватсионӣ фаъолият мебарад, ки тавассути онҳо таълимоти медиавӣ ба ҷараёни таълим муттаҳид мегардад «.
Лусина Григорян, роҳбари соҳаи медиатаълимотии Маркази ташаббусҳои медиа (Арманистон):
«Мо маводи дарсиеро дар мавзӯъҳои таълимоти медиавӣ барои муаллимон таҳия намудем, ки Вазорати маориф онро ҳамчун дастур тасдиқ кардааст. Дар сомона бошад, бозиеро ҷорӣ намудем, ки донишҷӯён дар он метавонанд ба саволҳои худ дар бораи ВАО ҷавоб пайдо кунанд. Мо барои омӯзгорон, омӯзишҳо доир менамоем, ки баъзе аз директорони пешрафта медиаро ба барномаи таълимии мактаби худ ворид намудаанд, то хонандагон фикрронии интиқодиро омӯзанд. Ҳоло мо, дарсҳои саводнокии медиавиро дар мактабҳои олии педагогӣ ҷорӣ намуда истодаем ».
Мутахассисони ВАО, аз Қазоқистон барои нахустин бор системаи таълимоти медиавиро дар FOJO меомӯзанд . Тавре директори TRK «Aлау» Екатерина Тутова иброз дошт:
«Дар Қазоқистон таълимоти медиа тамоман вуҷуд надорад. Барои ҳамин, дар ин “замини шудгорнашуда » кор кардан шавқовар аст. Дар сарамон аллакай андешаи чӣ тавр таҷрибаи ба даст овардаро истифода бурд пайдо шудааст, умедворам, ки ба мо ин муяссар хоҳад шуд».
Ба гуфтаи коршиносон, медиатаълимот, қариб ягона роҳи самараноки омӯзиши интернет барои кӯдакон аст. Онҳо ҷустуҷӯ ва пайдо намудани маълумот, таҳлил ва тафтиши онро хоҳанд омӯхт. Ҳар қадаре чунин система беҳтар гардад, ҳамон қадар имконияти идоракунии афкори ҷамъиятӣ бо воситаи медиа камтар мешавад.
Аксҳои: Светлана Kирсанова
Матни аслӣ: http://newreporter.org/