ДомойОзмунҳо/ГрантҳоНамояндагии шабакаи Internews Network дар Қазоқистон озмуни пешниҳодҳои нархиро барои бунёди интернет-портал...

Намояндагии шабакаи Internews Network дар Қазоқистон озмуни пешниҳодҳои нархиро барои бунёди интернет-портал эълон мекунад

Мӯҳлати додани ариза то 25 июни соли 2015 аст

Талабот аз  таҳиякунанда:

— Шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки сокини Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

— Таҷрибаи корӣ дар офаридани порталҳои интернетӣ дар давоми на камтар аз 3 сол.

— Таҷрибаи корӣ дар эҷоди нусхаҳои мобилии сомонаҳо ва барномаҳои мобилӣ.

— Теъдоди лоиҳаҳои татбиқшуда (портфолио).

— Донистани тамоюлҳои муосири сомонасозӣ, системаҳои CMS-и пардохтӣ ва ройгон.

— Беҳсозии дониши CEO ва пешбурди он.

— Қобилияти ба вуҷуд овардани дастгирии техникии интернет-портал.

Талаботи лоиҳа:

— Интернет-портали иттилоотӣ бо чор забон.

— Мавҷудияти имкониятҳои ҷойгиркунии виджет, баннер ва мусоҳибаҳо.

— Мавҷудияти admin-пайраҳаи сомона, бо имкониятҳои таҳрири маводҳои дурдасти муштарак, ҷойгиркунии видеоҳо, аксҳо, воситаҳои мултимедиявӣ бо захираҳои беруна, таҳлили шарҳҳои истифодабарандагон, вазифаҳои «ба таъхир гузоштани нашрия».

— Мавҷудияти Admin-пайраҳаи сомона, бо имкониятҳои идоракунии виджет, баннер ва мусоҳибаҳо.

— Системаи инъикоси рекламаи баннерӣ.

— Мавҷудияти модули ҷустуҷӯӣ оид ба маводҳои сомона.

— Будани системаи таҳлилкунандаи дохилии сомона (аз назар гузаронидани маводҳои алоҳида, омори шарҳҳо ва ғайра).

— Мавҷудияти базаи модулӣ (феҳраст).

— Мавҷудияти ҳамгироии сомона бо шабакаи иҷтимоӣ.

— Мавҷудияти модули аслии истифодабаранда.

— Мувофиқгардонии сомона ба қувваи баланд ва беҳсозии seo-и дохилӣ.

Дар иқтибос бояд дохил намуд:

— Арзиши коркард ва шакли мобилии сомона, аз ҷумла тарҳрезӣ (дизайн) .

— Арзиши моҳонаи дастгирии техникии сомона.

— Арзиши таҳияи барномаҳои мобилӣ барои IOS ва Android, аз ҷумла тарҳрезӣ.

— Санаи баррасии лоиҳа.

Дархости худро, шумо метавонед ба директори намояндагии Internews Network дар Қазоқистон, Ержан Сулаймонов ба суроғаи esuleimenov@internews.org фиристед.

Телефон барои иртибот: (727) 270 41 30

Манбаи акс дар пешнамоиш: flickr.com

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ