ДомойМедиалентаВебинар «Технологияҳои интернетӣ дар ҳолатҳои фавқулодда: чист ва чӣ тавр онро истифода...

Вебинар «Технологияҳои интернетӣ дар ҳолатҳои фавқулодда: чист ва чӣ тавр онро истифода бурд?»

17 июн (чоршанбе) соати 12:00 бо вақти Маскав вебинаре, ки ҳадафи он маълумот додан дар бораи воситаҳои рақамӣ мебошад, баргузор мегардад. Он метавонад мустақилона дар ҳолатҳои фавқулодда, ба монанди обхезӣ, заминларза ва сӯхтор истифода бурда шавад.

Заминларза дар Непал ва дигар ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолате, ки онҳоро касе интизор нест, рух медиҳанд. Имрӯз, технология дар ҳолатҳои фавқулодда ва бӯҳронӣ, ки дар муошират бо одамони дигар, иттилоъ додан дар бораи хатари фарорасанда, ҳамоҳангсозӣ намудани  ихтиёриён ва хадамоти наҷотдиҳӣ кӯмак мерасонад, нақши назаррас мебозад.

Дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард ва чӣ тавр мустақилона аз хадамот ва барномаҳои дастрас, дар ҳолатҳои фавқулодда истифода бурд – дар ин бора,  мо дар давоми вебинар сӯҳбат хоҳем кард.

• краудсорсинг (истифода бурдан аз манбаъҳо) ба сифати дастгоҳ дар ҳолатҳои фавқулодда;

•  Воситаҳо барои робита дар ҳолатҳои фавқулодда;

• ҳалли технологияи рақамӣ барои ҳамоҳангсозии ихтиёриён;

• имкониятҳо барои ҷамъоварии маблағ ва хайрия;

• маҷмӯи воситаҳои охирон (ки дар зилзилаи Непал истифода бурда шуда буд) ва ғайраҳо.

Дар давоми вебинар шумо метавонед бо саволҳо муроҷиат намуда, табодули таҷриба кунед.

Вебинари мазкурро Алексей Нитса, муаллифи дарсҳои видеоии «Теплицы социальных технологий» (Гармхонаи технологияҳои иҷтимоӣ) мегузаронад. Барои иштирок дархостро пур карда, худро ба қайд гузоштан ҳатмист. Истиноди  вебинарро бошад, шумо метавонед дар мактуб, баъди бақайдгузорӣ дастрас кунед.

Сарчашма: te-st.ru.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ