Рӯзи сешанбеи 23 июн, соати 14.00 бо вақти Остона, вебинари «»Инфографикаи интерактивӣ дар 15 дақиқа» («Интерактивная инфографика за 15 минут») доир мегардад. Гуфта мешавад, вебинари мазкурро Вадим Шмигов (Беларус) хоҳад гузаронид.
Вадим аз соли 2006-ум то инҷониб бо инфографика дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ машғул аст. Солҳои 2007-2012, ӯ бо ширкати маълумотии БелаПАН ҳамкорӣ намудааст. Аз соли 2013-ум, номбурда дар интернет-портали TUT.BY-и Беларус фаъолият мебарад. Инфографикае, ки аз ҷониби Вадим офарида шудааст, борҳо дар ҷашнвораву озмунҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар рафти вебинар иштирокчиён чӣ тавр истифода бурдани маълумотро барои тасаввуроти визуалии иттилоотӣ омӯхта, метавонанд худ мустақилона инфографика эҷод кунанд.
Барои иштирок дар вебинар, шумо бояд чунин чизҳоро ба инобат гиред:
1) Боргирӣ ва насби Tableau Public (барои боргирӣ бояд почтаи электронӣ ворид карда шавад)
2) Сохтани симои истифодабаранда барои кор (ва почтаи электронӣ ва рамзи худро фаромӯш накунед)
Бақайдгузорӣ ба вебинари ройгон тариқи истинод.
Вебинари «Инфографикаи интерактивӣ дар 15 дақиқа» бо ташаббуси намояндагии Internews Network , дар доираи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он ба шарофати кӯмаки мардуми амрикоӣ, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида шудааст, имконпазир гардид.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/