ДомойМедиалентаҲисоботи Reuters: Смартфон дастгоҳи муайянкунандаи истифодаи онлайн-хабар аст

Ҳисоботи Reuters: Смартфон дастгоҳи муайянкунандаи истифодаи онлайн-хабар аст

Институти Рейтер (Reuters Institute), яке аз созмонҳои пешбари ҷаҳон маҳсуб ёфта, мақсади он омӯзиши журналистика мебошад, ҳамасола оид ба истифодаи медиавӣ, тамоюлҳо ва майлҳои журналистикаи онлайнӣ дар кишварҳои гуногун таҳқиқот мегузаронад.

Гузориши соли ҷорӣ оид ба иттилооти рақамӣ (Digital News Report 2015), дар асоси омӯзиши рафтори 20,000 истеъмолкунандагони маводи онлайнӣ дар ИМА, Бритониё, Ирландия, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Дания, Финляндия, Бразилия, Ҷопон ва Австралия омода гардидааст.

Сарфи назар аз он, ки Осиёи Марказӣ дар  байни кишварҳое, ки таҳқиқот гузаронида шуд, иштирок надошт, натиҷаҳои дар кор пешниҳодшуда, ба ВАО-и Осиёи Марказӣ хеле муфид хоҳад буд. Умуман, равандҳои ҷорӣ дар соҳаи ВАО ҷаҳонӣ, ба ҳам монанданд.

  1. Смартфон дастгоҳест барои муайян намудани истифодаи ахбори онлайнӣ, он ба андоза ва бизнес-моделҳо низ таъсир мерасонад.

46% -и мардум, аз ҳамаи 12 кишвар, ҳар ҳафта дар смартфонҳо хабар ҷустуҷӯ мекунанд.

Паст шудани сафи шунавандагони медиаи анъанавӣ, телевизион ва ВАО-и чопӣ, бевосита ба пайдо шудани шумораи зиёди онлайн-видео ва формати нави визуалӣ  алоқаманд аст.

25% пурсидашудагон гуфтанд, ки смартфон барои онҳо воситаи аввалиндараҷаест, оид ба дастрасӣ пайдо намудан ба маводҳои рақамӣ. Вале 45% истеъмолкунандагон барои тамошои ахбор, ҳоло ҳам аз ду ва ё зиёда гаҷетҳо истифода мебаранд.

Ник Нюман (Nic Newman) муҳаққиқи Институти Рейтер қайд мекунад, воизон бояд бо истеҳсоли маводе машғул бошанд, ки он дар заминаҳои гуногун корбарӣ намояд, аммо ҳамчун як нуқтаи ибтидоӣ, онро бояд смартфонҳо қабул кунанд.

Танҳо 57% одамон компютерҳои худро ҳамчун дастгоҳи муҳим, барои истифодаи ахбори онлайнӣ қабул намудаанд. Афтодани истифодаи дастгоҳҳои планшетӣ мушоҳида шудааст.

  1. Нишондиҳандаи ҷолиб: тибқи таҳқиқот дар Аврупо, ҳатто бо нишондиҳандаи баланди истифодаи ахбори онлайнӣ, масъалаҳои тамошои барномаҳои телевизионӣ, ҳатто барои ҷавонон зуҳуроти маъмулӣ боқӣ мемонад. Муаллифони гузориш, онро ба алоқамандии зич доштани маводи телевизионӣ ва эътиқоди шунавандагон мансуб донистаанд.

Аммо барои хубтар фаҳмидани он ки, чӣ тавр одамон заминаи истифодаи маводро интихоб мекунанд, зарур аст, ки  диққати худро  ба «арзишҳои иттилоотӣ» — дурустӣ, суръат ва гувоҳии дил (интуиция) равона сохт.

Истифодабарандагон ба таври гуногун пойгаҳҳои мухталифро баҳогузорӣ мекунанд ва онҳоро дар ҳолатҳои ҳархела интихоб мекунанд. Масалан, ВАО-и чопӣ барои таҳлил, хониши шуурнок пешбинӣ шудааст, ки нияти ба зудӣ дастрас намудани маълумотро надорад.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, барои дастрасии тез ба ахбор баҳогузорӣ мекунанд, бо вуҷуди ин зарур нест, ки ба маълумот боварӣ намуда, афзалияти иттилоотро ба воситаи медиаи дигар  санҷид.

  1. Facebook дар маҷмӯъ пойгаҳи бартаридоштаест, дар ҷустуҷӯ ва ҳамкорӣ бо иттилоот, мардум ҳарчи бештар аз медиаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, то ки дастрасиро ба ҷузъиёти таърих ва шумораи зиёди манбаъҳо пайдо кунанд.

Бино ба маълумоти таҳқиқот, 41% -и пурсидашудагон истифодабарандагони Facebook, танҳо 11% — Twitter мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар айни замон, дар шабакаи бузурги иҷтимоӣ 38% -и мардум хабар меҷӯянд, дар Twitter бошад  62%.

  1. Нишондиҳандаи истифодабарии видео-онлайн меафзояд, гарчанде ки 40% -и мардум, ҳанӯз ҳам матнро роҳи муносиби истифодаи иттилоот меҳисобанд.
  2. Бештар одамон онлайн-маҳдудкунии рекламаро истифода мебаранд. Тахминан 47% -и пурсидашудагон рекламаи стандартиро намебинанд ва ин воизонро водор месозад, ки роҳҳои дигари маблағноксозии медиа-онлайнро ҷустуҷӯ намоянд.

Маълумоти бештарро дар бораи омӯзиш,тавзеҳот ва пешгўии медиакоршиносон, метавон дар инҷо пайдо кард.

Таҳқиқоти мазкур дар шакли интерактивӣ.

 

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ