ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзодии сухан дар чаҳорчӯбаи қонун. Китоби дарсӣ барои рӯзноманигорон

Озодии сухан дар чаҳорчӯбаи қонун. Китоби дарсӣ барои рӯзноманигорон

Ҳифзи ҳуқуқ ба озодии сухан – ана ин аст мавзӯи пешниҳоднамудаи маҷмӯа.

Чӣ тавр аз қолибҳои ҳимояи ногувор дидаву дониста дур равем? Чӣ хел аз даъвоҳо, аз тӯҳмату таҳқир дониста истода худро муҳофизат намоем? Меъёрҳои хусумату бадбинӣ кадомҳоанд?

Дар амал ин чӣ маъно дорад – «дар кислотаи намак шино карданро ёд гирифтан»?

Дар бораи ин ва дигар ҷанбаҳои муҳими журналистикаи озод ва масъул ба иштирокчиёни тренинг дар Остона, Алмаато ва Актобе мушовири адлия , коршиноси ҳуқуқии намоядагии Маскав оид ба ҳуқуқи инсон, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба мубориза бо ифротгароӣ дар прокуратураи генералии Федератсияи Россия Борис Пантелеев; носзади илмҳои филологӣ, дотсенти донишгоҳи «Туран» Роҳил Каримсоқов; ҳуқуқшиноси махсус оид ба хифзи озодии баён Сергей Уткин нақл карданд.

Бо мушоҳида ,тадқиқот ва маслиҳатҳои онҳо акнун метавонанд на танҳо мухбирон, ҳамчунин блогерҳо, ҳуқуқшиносони ҷавон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, — ҳамаи онҳое, ки дар амал ҳуқуқи худро ба озодии баён татбиқ  менамоянд.

«Аз ҳама шакли мулоими фишор ба рӯзноманигор кадом аст? Агар аз нуқтаи назари стандарти байналмиллалӣ муҳокима намоем, он танҳо сахтгиртар шудани қонунгузорӣ мебошад. Ин аст шакли фишор ба журналистон. Ҳамарӯза дар сатҳи меъёрҳои давлатӣ мекӯшанд ба шумо роҳ нишон диҳанд, чиро кардан мумкин, чиро не. Манфиатҳои касбии шуморо нодида гирифтан мехоҳанд, ҳамаи сару кор гирандагони соҳаи журналистиро ба як рутбаи давлатӣ гузоштан мехоҳанд. Ва аксар онҳо ба ин муваффақ мешаванд!

«Принсипи конститутсионӣ доир ба шаффофият ҳаст, ки онро ҳама бояд риоя кунанд.  Агар мансабдор ин принсипро риоя ва ё иҷро накунад, вай ба мансаби ишғолнамудаи худ мувофиқ нест.  Суолро ҳамеша бояд худамон ҳамин тавр монем, сахт ва катъгирона».

Зеркаш намудани маҷмӯа.

Манбаъ: adilsoz.kz.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ