ДомойОзмунҳо/ГрантҳоIWMF барои иштирок дар сафари хабарнигорӣ ба Африқо занони рӯзноманигорро...

IWMF барои иштирок дар сафари хабарнигорӣ ба Африқо занони рӯзноманигорро ҷустуҷӯ дорад

Занони рӯзноманигори тамоми ҷаҳон, ки на камтар аз се соли таҷрибаи корӣ доранд ва забони англисиро хуб медонанд, метавонанд барои иштирок дар ин сафари хабарнигорӣ дархост диҳанд.

Хазинаи байналмиллалии занон, ки дар ВАО кор мекунанд, (IWMF) соли 2015 ба Африқо 5 сафари кориро ташкил намуд, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббус оид ба инъикоси вазъи Кӯлҳои Бузург (African Great Lakes Reporting Initiative) ҷараён мегирад. Сафари навбатӣ иштирокчиёнро ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ мефиристад. Ҳар як сафар аз тренинги 3-рӯза доир ба бехатарӣ ва вохӯрӣ бо мутахассисони ин минтақа оғоз мегардад. Журналистони интихобшуда давоми ҳафта барои медиаҳои мустақиле, ки дар кишварҳои ташрифовардаашон кор мекунанд,  маводҳо таҳия менамоянд, дар чорабиниҳои махсус, ки ба гурӯҳҳо ниргаронида шудаанд, иштирок мекунанд ва ҳамчунин бо намояндагони муҳими ҷонибҳои манфиатдор ва рӯзноманигорони маҳаллӣ метавонанд дар муошират бошанд.

IWMF хароҷотҳоро вобаста ба барнома, аз ҷумла харҷи роҳ, ҷои зист, хӯрок ва кори ёварону мутарҷимонро мепардозад, агар ташкилоти иттилоотие, ки дар он иштирочии интихобшуда фаъолият мебарад, пардохти ин хароҷотҳоро ба ӯҳда нагирад.

Дархостҳо то 12 август қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти пурратар ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

Манбаи акс дар пешнамоиш:  flickr.com.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ