ДомойХудомӯзЗахираҳо барои кӯмак ба медиа: ҷустуҷӯи коршиносон ва рӯзноманигорон дар хориҷа

Захираҳо барои кӯмак ба медиа: ҷустуҷӯи коршиносон ва рӯзноманигорон дар хориҷа

Яке аз муҳимтарин ҷузъҳои сифати маводи хабарнигорӣ баҳодиҳии коршиносона маҳсуб меёбад. Ва мутахассиси ҳақиқиро, ки воқеъбинона вазъиятро баррасӣ менамояд дар ин ё он соҳа дарёфтан хеле мушкил аст.

Барои ҳалли масъалаи ҷустуҷӯи коршиносон сомонаи  expertisefinder.com таҳия гашта буд. Асосгузорони лоиҳа — Ставрос Роугас (Stavros Rougas) собиқ рӯзноманигор ва ТВ – продюсер ва Эбрахим Ашрафизадех (Ebrahim Ashrafizadeh), IT- таҳиягар.

«Шумо метавонед аз категорияи умумӣ ҷустуҷӯро оғоз намуда, сипас ба соҳаҳои махсус гузаред», — нақл мекунад Ставрос, — «Мо сомонаро ҳамон тавре ки  Google аст, ҳамин хел оддӣ кардем, лекин фарқияти expertisefinder.com аз дигар сомонаҳои ҷустуҷӯи бузург дар он аст, ки наi воситаест маҳз барои ҷустуҷӯи одамон.  Мо реклама ва рейтинг надорем».

Сомона бо забони англисӣ дастрас аст, ки ҳоло ба шумори коршиносон миқдори маҳдуди мутахассисон аз донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Амрикои Шимолӣ дохил мегардад, аммо бо мурури замон лоиҳа рушд хоҳад кард. Ва ҳоло аллакай аз рӯи дархости ба минтақаи Осиёи Марказӣ наздик, метавон мухотаб (контакт) -ҳои мутахассисонро дарёфт намуд.

Ба ҳамин монанд захираи hey.press кор мекунад. Аммо вазифаи асосии ин замима (низ бо забони англисӣ) – ҷустуҷӯи рузноманигороне, ки дар ин ё он мавзӯъ тахассусманд ҳастанд. Муаллифони hey.press маслиҳатҳои хубро ба онҳое медиҳанд, ки мехоҳанд диққати матбуотро ба маҳсулоти худ ҷалб намоянд:

«Пеш аз он ки ба хабарнигор рӯй оваред, ба худ савол диҳед – барои чӣ ин чиз ба хонандагон шавқовар хоҳад буд?

Агар шумо дар нақша доред ба журналисте муроҷиат намоед, боварӣ ҳосил намоед,ки ин мавзӯи вай аст.

Эсклюзив пешниҳод намоед. Фиристодани релизҳои матбуотӣ ва ғ зарур нест.

Шояд ин ду замима барои медиамутахассисон барои барпокунии алоқаҳо (контакты) бо ҳамкорон ва ё коршиносони хориҷа муфид хоҳад буд.

Матни аслӣ:

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ