ДомойОзмунҳо/ГрантҳоThomson Foundation барои журналистони ҷавон озмун эълон менамояд

Thomson Foundation барои журналистони ҷавон озмун эълон менамояд

Хабарнигорони то 30 солае, ки дар мамлакат ҳои дар ҳоли рушдбуда кор мекунанд, метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд.

Thomson Foundation гурӯҳи «Рӯзноманигорони ҷавон аз мамлакатҳои мутараққӣ»  -ро дар чаҳорчӯбаи озмуни Ассосиатсияи матбуоти хориҷии Лондон (FPA) сарпарастӣ менамояд.

Се ғолибони озмун дар баробари дигар ғолибон ва арбобони барҷастаи журналистикаи ҷаҳонӣ ба Лондон барои маросими ҷоизаҳо, ки моҳи ноябр баргузор мегардад, ташриф меоранд.

Дар озмун журналистоне, ки дар мамлакатҳое, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиашон (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 20 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад, фаъолият мебаранд, иштирок карда метавонанд.

Иштирокчиён метавонанд маҷмӯи корҳои эҷоди (портфолио) – и худро, ки се намунаи корҳои нашршударо (ин маводҳои нашрӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва мултимедиявӣ буда метавонанд, ки давоми 12 моҳи пеш аз озмун нашр ё ба эфир баромада буданд) дар бар мегиранд, пешкаш намоянд. Корҳо дар ҳама гуна забон қабул мешаванд, аммо маводҳои дар дигар забонҳо нашршуда, ғайр аз забони англисӣ, бояд бо тарҷимаи англисӣ ҳамроҳ карда фиристода шаванд. Аризаҳо то 28 август қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

Манбаи акс дар пешнамоиш: thomsonfoundation.org.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ