ДомойХудомӯзНавсозии автоматии сомона аз tagplay.co

Навсозии автоматии сомона аз tagplay.co

Як нақшаи ҷолиби азнавсозии онлайн – захираҳоро таҳиягарони хизматрасонии tagplay.co. пешниҳод менамоянд. Ин восита ба таври автоматикӣ мӯҳтаворо дар сомонаи шумо пайдо мекунад, бо истифода аз почтаи электронӣ ва нашрҳое, ки бо хештегҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ – твиттер, фейсбук, инстаграм ишора шудаанд.

Шумо дар сомона қайд мешавед ва аккаунтҳои заруриро  дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепайвандед.

Баъдан тахминан қоидае чун – «вақте ман (ва ё каси дилхоҳ) дар фейсбук бо хештеги #ҳамин хел мавод нашр мекунам (нашр мекунад),маводи нашрӣ дар сомона ҷойгир мешавад» дохил менамоем.

Хадамот ба шумо коде медиҳад, ки дар дилҳоҳ ҷойи сомонаи худ гузошта метавонед.

 

Ва вобаста аз амалиёти алгоритмии нишондодашуда, ин бахш бо сабтҳои шумо (ваё аз ҷониби ҳамкорон, истифодабарандагон омодашуда) пур карда хоҳад шуд.

Ин восита хеле осон кор мекунад ва дар ҳақиқат дар кори медиа – ба сифати генератори навкунӣ аз манбаъҳои гуногун оид ба ин ё он мавзӯъ ёрдамчии хуб хоҳад буд. Аммо агар  tagplay.co –ро ҳамчун як канали мундариҷаи истифодабарандагӣ истифода намоем, тасдиқи ҳамаҷониба лозим аст.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ