ДомойМедиалентаНамояндагии Интернюс дар Осиёи Марказӣ барои усулҳои коркарди таҳлили мавод тендер...

Намояндагии Интернюс дар Осиёи Марказӣ барои усулҳои коркарди таҳлили мавод тендер эълон мекунад

Намояндагии Интернюс дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» барои усулҳои коркарди таҳлили мавод тендер эълон мекунад, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Методология бо мақсади гузаронидани таҳлили сифатӣ ва миқдории маводҳои хабарӣ ва иттилоотӣ, ки аз тарафи васоити ахбори омма (ВАО) ва мутахассисони медиа таҳия шудаанд ва дар чорабиниҳои дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» ташкил шуда, иштирок кардаанд, аз ҷумла:

  • кӯмаки таълимӣ, технологӣ ва ташкилӣ дар раванди таълим дар ВАО – и мавҷудбудаи нашрияҳои конвергентӣ бо мақсади тараққиёти устувор, баланд бардоштани нерӯи соҳибкорӣ ва зиёд кардани иштироки захираҳо, инчунин иштироки фаъоли тамошобинон дар истеҳсол ва муҳокимаи маводи иттилоотӣ;
  • мубодилаи аудио-, видео- ва аксмаҳсулот байни ВАО – и хусусии минтақа;
  • баландбардории малакаи касбии хабарнигорон тавассути гузаронидани вебинарҳо, тренингҳо, сафарҳои омӯзишӣ, тайёр намудани тренерон ва дигар чорабиниҳои минтақавӣ.

Маълумоти иловагӣ оид ба ВАО ва рӯзноманигорони дар лоиҳаи «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» иштирок мекарда, ҳангоми тартиб додани шартнома, дода мешавад.

Талабот ба иҷрокунанда:

  • сабти ном ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон;
  • таҷрибаи исботшуда дар коркард ва гузаронидани медиамониторинг ва таҳлили маводи ВАО.

Аризаҳо тариқи онлайнӣ ё тариқи қоғаз дар намуди чопӣ то 18:00, 31 августи соли 2015 дар суроғаи зерин қабул мешаванд:

кӯчаи Чокмаров 234 А, Намояндагии шабакаи Интернюс дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Ё тавассути почтаи электронии vgalich@internews.org.

Бастаи ҳуҷҷатҳо бояд ин чизҳоро дошта бошад: пешниҳоди тиҷоратӣ, мактуби тавсиявӣ, резюмеи коршиносони калидӣ.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ