ДомойБез рубрикиЛоиҳаи «Бехатарӣ дар қуттӣ»: барномаҳо ва мақолаҳо доир ба амнияти онлайнӣ

Лоиҳаи «Бехатарӣ дар қуттӣ»: барномаҳо ва мақолаҳо доир ба амнияти онлайнӣ

Лоиҳаи Security in-a-box («Амният дар қуттӣ») як маҷмӯаи онлайнии маслиҳатҳо, машваратҳо, мақолаҳо ва барномаҳои ройгонест, ки ба ҳар як истифодабаранда барои таъмини ҳифзи самараноки маълумотҳои шахсӣ дар Интернет кӯмак хоҳад кард.  Феҳраст барои медиамутахассисон махсусан муҳим аст.

Оид ба лоиҳаи Security in-a-box

«Ин маҷмӯа – натиҷаи фаъолияти муштараки коршиносони амният, фаъолони ҳуқуқи башар, барномасозон ва тарҷумонҳо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки зери назорати умумии ташкилотҳои Tactical Technology Collective ва Front Line кор кардаанд.

Маводҳо ва барномаҳо дар семинарҳо ва тренингҳо оид ба амнияти компютерӣ борҳо истифода шудаанд».

Маҷмӯа аз ду қисми асосӣ иборат аст: буклет («Маслиҳатҳои муфид») ва раҳнамои амалӣ («Барномаҳои лозима»). Ба раҳнамо як қатор барномаҳои ройгон замима мегардад.

Чӣ гуна рамзро нигаҳдорӣ намуд, чӣ тавр маълумоти заруриро барқарор намуд, чӣ тавр сензураро убур кард, чӣ тавр файлҳо ва почтаи электрониро рамзгузорӣ кард — захира на танҳо маслиҳатҳои назариявиро пешбинӣ мекунад, балки истинодҳоро ҳам ба барномаҳои воқеан коркунанда ва ройгон пешбинӣ менамояд.

«Маҷмӯа дар панҷ забон: англисӣ, арабӣ, испанӣ, русӣ ва фаронсавӣ дастрас аст. Он ҳам дар шакли электронӣ (дар фиттаҳо ва дар интернет — securityinabox.org ) ва ҳам чопӣ вуҷуд дорад. Агар ба шумо нусхаи чопӣ лозим аст, лутфан ба суроғаи security@ngoinabox.org бинависед».

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ