Муаллиф: Суҷан Десвал (Sujan Deswal) , thenextweb.com. Тарҷума ва мутобиқгардонӣ – Новый репортер.
Дар веб – дизайн ва тафтиши қулай будани истифодаи интерфейсҳо зуҳуроти таъсири мутақобилаи истифодабаранда аз категорияи «ҳамин тавр шуд» вуҷуд надорад. Ҳамеша далели илмӣ ва психологӣ ҳаст, ки ба суоли «Чӣ истифодабарандаро маҷбур месозад, ки амали муайянеро роҳандозӣ намояд?» ҷавоб диҳад.
Вақтҳои охир шумораи веб-нашрияҳои аз технологияҳои пешқадам истифода кунанда (пайгирии ҳаракати чашмон, пурсишҳо дар сомона, кортҳои гармдиҳӣ ва кортҳои варақзанӣ, пайгирии ангуштзанӣ ва дигарҳо), ки барои фаҳмидани фаъолияти истифодабаранда кӯмак мерасонад – кадом омил онҳоро барои аз қайд гузаштан , ба поён ҳаракат додани саҳифа ва ё пур кардани ягон шакл маҷбур месозад.
Барои соҳибони сомона яке аз вазифаҳои аз ҳама мушкил ин фаҳмиши он ки чаро истифодабаранда аз рӯи ин ё он истинодҳо убур мекунад. Зеро ангуштзанӣ ба истинод таваҷҷӯҳро нишон медиҳад ва ин дар асл ягона роҳи идома додани кор бо сомона мебошад.
Ва инак рӯйхати маслиҳатҳоеро пешкаш месозем, ки ба принсипҳои илмӣ асос ёфтаанду барои ба даст овардани ангуштзании бисёри мушак ба соҳибони сомона кӯмак хоҳанд кард.
Роҳи камтарини саъю ҳаракат
Агар шумо меҳмони сомонаро ба рӯйхати муштариён даровардан хоҳед ва ё ба бизнес – алоқаи нав табдил додан хоҳед, пас шумо бояд тамоми парешонкунандаҳо ва ҳамаи «монеаҳои эҳтимолӣ» -ро, ки аз он меҳмон метавонад ҷаҳида гузарад, бартараф намоед. Ба шумо лозим аст, ки меҳмони худро ба роҳи кӯшиши камтарин равона созед.
«Роҳи камтарини муқовимат роҳаки равонӣ ва маҷозиро тасвир мекунад, ки бо муқобилияти камтарини ҳаракат ва ё амал ба он тавсиф карда мешавад. Аз паси роҳи камтарин муқовимат рафтан афзалиятҳои худро дорад, ки он ҷидду ҷаҳди камтаринро барои иҷрои вазифаҳо талаб менамояд», — Damien Howell Physical Therapy.
Дар ин ҳолат муқовимат чун ибораи маҷозӣ барои тасвири мушкилоти эҳсосӣ ё равонӣ, ба монанди рақобатҳо ва ё зиддиятҳо истифода мешавад.
Агар ин ғояро давом диҳем – ақли инсон ҳам интихоб ё амалеро ҷустуҷӯ мекунад, ки осонтарин барои ошкор сохтан бе заҳмати иловагӣ бошад (ба монанди, масалан, хондани як матни дароз ва ё ҳаракатдиҳии саҳифа).
Хулоса – даъвати шумо барои гузариш аз рӯи истинодҳо/пахши тугмачаҳо бояд ба осонӣ дар саҳифа ба назар расад.
Натиҷаи ҳолати муттасил
Оё шумо пай бурдаед, вақте ки кӯшиш мекунед ҳамаи 10 адади рақами мобилиро дар хотир гиред ё ба хотир оред, шумо танҳо аввала рақамҳо ва (шояд)ду адади охиронро дар ёд дошта бошед? Аҳёнан касе метавонад ададҳои мобайниро дар ёд гирад. Ин таъсир ҳеҷ вақт тасодуфӣ нест ва он таъсири вазъи силсилавӣ номида мешавад. Онро равоншиноси Олмон Hermann Ebbinghaus бо ёрии тестҳое, ки худ онҳоро гузаронд, пайдо намуд.
Самараи мавқеи пайгирона тавассути ду қисмат – ибтидоӣ ва интиҳоӣ маънидод мешавад. Самараи ибтидоӣ – ин майли инсон барои ба хотир овардани унсурҳои аввали рӯйхат ҳарчи зудтар ва дақиқ. Сабаби рух додани ин ҳолат аз он аст, ки унсурҳои аввал рақобати камтарро аз ҷониби дигар унсурҳои рӯйхат доранд, аммо мағзи сар ҳаҷми маҳдуди хотираро дорост.
Самараи интиҳоӣ инчунин аз мавқеи руйхат имтиёз пайдо мекунад, зеро ки унсурҳои охирони рӯйхат аз ҷониби майнаи сар ҳамчунин беҳтар дар ёд гирифта мешаванд. Унсурҳои миёнаи рӯйхат бадтар аз ҳама дар хотир гирифта мешаванд.
Тадқиқоти гузаронидаи Hofacker and Murphy (2005) нишон дод, ки ҷойгиркунии болоӣ 9,2% пахшкуниро ба даст овард (самараи ибтидоӣ), ва сипас ҷойгиркунии поёнӣ бо 7,7% онро думболагирӣ намуд (самараи интиҳоӣ). Бадтар аз ҳама истинодҳое, ки дар байни мавод ҷойгир кунонида буданд, кор карданд.
Ана ин акси амалиёти озмоишӣ (он тӯли 10 ҳафта гузаронида шуд, ки дар он 1641нафар ташрифовардагон иштирок намуданд).
- Истифодабаранда меояд
- Тақcимоти тасодуфӣ ба яке аз шаш веб — саҳифа, ки дар он суиистифода аз ҷойгиркунонии истинодҳои A-F ҷой дорад.
3. [bd_table]
A DB EC F | F CA DB E |
---|---|
D AE BF C | C FD AE B |
[/bd_table]
- Тартибдиҳии протоколи натиҷаҳо.
Ҷадвале, ки натиҷаҳоро нишон медиҳад:
Навиштаҷоти тирҳо: Х – қатор, Y – эҳтимолияти ангуштзанӣ
Хулоса: истинодҳое, ки дар боло ё дар аввали саҳифа ҷой гирифтаанд, эҳтимоли зиёди ангуштзанӣ пайдо мекунанд.
- Таҷрибаи истифодабарандагӣ (UX), чӣ тавр он ба интихоби истинод таъсир мегузорад
Пеш аз гузаронидани озмоиши қулай будани интерфейс ва ё ба кор даровардани ҷараёни озмоиши ҷалби истифодабарандагон, барои дидани он ки чӣ истифодабарандаро маҷбур месозад, ки истинодро пахш намояд, шумо бояд баъзе принсипҳои UX –ро бифаҳмед.
- Имкони тамошои маводро осон бикунед. Тадқиқоти васеи аз ҷониби гурӯҳи NN гузаронида шуда, ки пайгирии ҳаракати чашмонро истифода карда буд, нишон дод, ки аксари одамон аҳёнан матнҳои дарозро дар Интернет мехонанд ва ба ҷои он убури матнро афзалтар медонанд.
- Аз ин рӯ таҳияи сархатҳои кӯтоҳ мувофиқи мақсад буда, маводи муҳимро бо хати ғафс ҷудо ва аз нишонгузорҳо истифода бояд кард. Ҳамчунин, миқдори кофии аксҳоро барои нишон додани фикрҳои худ ба кор баред. Дар он вақт он дар майнаи сари хонанда зиёдтар мемонад.
Ҷадвали дар поён буда, нишон медихад, ки истифодабаранда тарҳи веб – сомонаро бад қабул мекунад, агар мушкилии визуалӣ хеле бузург бошад.
Навиштаҷоти тирҳо: Х – мушкилии визуалӣ, аксҳои хоса; Y- зебоии қабулшаванда.
Тадқиқоти ба наздикӣ гузаронида шуда, нишон дод, ки тахминҳои манфӣ дар бораи маҳсулот ба муносибатҳои манфӣ – чизе ки шумо аниқ намехоҳед, оварда мерасонад.
Матбаа ба дарки одамон дар бораи чӣ хуб ва чӣ бад будан таъсир мерасонад.
Таҷрибаҳои гузаронидаи Kevin Larson (Microsoft) & Rosalind Picard (MIT) нишон дод, вақте пассаж (қисми алоҳидаи матн) матбаавӣ хуб тақсимот шудааст ва аз ҷиҳати эстетикӣ писанд мебошад, хонандагон бештар барои ҷабидашавии он амиқтар дода мешаванд ва аз ин рӯ имконияти бештари ангуштзанӣ ба истиноди онҷо қарордошта, вуҷуд дорад.
Хулоса: Тарҳи оддӣ, сохторӣ, маводи осон тамошошаванда ва хати визуалӣ писандро ба кор баред.
Илми интихоб
Дар китоби хеле машҳури худ «Парадокси интихоб» Барри Шварц дар он хусус мегӯяд, ки ҳангоми фаровон будани интихоб дар истифодабаранда вақти харид дар мағоза, онҳо аз сабаби интихоб карда натавонистанашон ҳангоми харид норозӣ ва ғайри қаноатманд мемонанд.
Ин сабабест, барои рафъи роҳҳои интихоб метавонад фишорро дар истеъмолкунанда нисбатан кам карда, суръати расидан ба як қарорро оид ба харидорӣ метезонад.
Чӣ хеле ки Тайлер Дёрден дар «Клуби паҳлавонӣ» мегӯяд – /тасвири ҳаракаткунанда бо навиштаҷоти:
«Реклом на танҳо моро барои аз паси мошинҳо ва либос давидан маҷбур месозад, балки дар корҳое кор кардан маҷбур месозад, ки мо ба он нафрат дорем, барои он ки мо тавонем чизҳои беҳударо харида бошему он бароямон нолозим аст»/
Барри фикрашро идома дода мегӯяд, ки намунаи беҳтарини ин зуҳурот гуногунии беканори интихоби мо, ки ҳамаи мо онро ҳангоми тамошои телевизион дорем. Тамошобинон он қадар интихоб доранд, ки онҳо оқибат ба он меоянд, ки бе таваққуф аз як шабака ба дигар шабакаи дигари телевизионӣ мегузарем, ба ҷои он ки ором як шабакаро тамошо намоем; ин намунаи классикии «фалаҷгардӣ бар асари таҳлил» мебошад.
Дар тадқиқоти машҳури соли 2000 равоншиносон Sheena Iyengar ва Mark Lepper бо истифодаи мураббо таҷриба гузарониданд. Онҳо дар асоси таҷриба собит сохтанд, ки ҳангоми интихоб аз хурдтарин ва калонтарин намудҳои гуногуни мураббо, харидорон таваҷҷӯҳи зиёдро ба навъҳои гуногун ва калони маҳсулот нишон доданд.
Бо вуҷуди ин ҳангоме ки вақти харидан ё интихоби танҳо як таъм фаро расид, онҳо даҳ маротиба бештар бо шавқмандӣ харид мекарданд, вақте ба онҳо танҳо 6 намуди таъми мурабборо пешниҳод мекарданд, нисбат ба навъи калони аз 24 таъм иборатбуда.
Хулоса: миқдори истинодҳоро маҳдуд намоед, агар хоҳед ки истифодабарандагон ба онҳо муроҷиат намоянд. Ба ибораи дигар, истифодабаранда на бояд ҳадди «барзиёдии интихоб»- ро гузарад.
Триггерҳои эҳсосӣ (дар нақши асосӣ – «Допамин»)
Хеле муҳим аст, ки соҳибони сомонаҳо фаҳманд, ки паси ҳар як паҳшкунӣ мавҷудоти зиндаи коркунанда ва оқил меистад. Истифодабарандагон он вақт мехоҳанд ба истиноди шумо дароянд, ки дар онҳо эҳсосот ва дарки дарунӣ пайдо шаваду он гувоҳӣ диҳад, ки онҳо метавонанд ба сомонаи шумо боварӣ кунанд.
Боварӣ ин сементест барои бунёди хубтарин муносибат бо аудиторияи шумо, нисбат ба пешниҳодҳо, тахфифҳо ва тақсимкунии ройгон.
Истифодабарандагон бори дигар ба истинодҳо рӯй меоранд, зеро ки онҳо таваҷҷӯҳ доранд. Шумо ба ҷои дардноки онҳо нохун мезанед ва акнун онон дар реҷаи ҷустуҷӯи иттилоот/манфиат қарор доранд.
Оё шумо медонед, ки ҳамаи онҳо дар охири ин сафари ҷустуҷӯи иттилоот чиро меҷӯянд? Мунтазири мукофот, асабонӣ будан, дар ҳаяҷон шудан.
Кадом моддаи химиявӣ барои чунин рафтор масъул аст? Допамин.
«Допамин — нейротрансмиттер, ки барои назорати марказҳои мағзии подош ва ҳаловат кӯмак менамояд. Допамин ҳамчунин барои танзими харакат ва вокуниши ҳиссӣ мусоидат менамояд, он на танҳо барои дидани подош имконият медиҳад, балки ба андешидани чораҳо барои ноил шудан ба он ёрӣ медиҳад».
Дар ин бора фикр кунед – вақте ки шумо ба кино меравед ва онҷо саҳнаеро нишон медиҳанд, ки аз он чашмонатон калон кушода мешаванд, набз ва ақли шумо ба дараҷаи экстаз мерасад – ана ин аст таъсири допамин.
Аммо асараш танҳо камтарак давом мекунад ва баъдан шумо ба ҳолати бетарафии эмотсионалӣ бармегардед.
Истифодабарандаро барои дубора баргаштан ба истинодҳо чӣ маҷбур месозад, чӣ гуна муносибат дорад ба ин допамин? Мавод ва унвоне бо чунон калимаҳое истифода намуда, фикр намоед, ки вокуниши эҳсосотиро ба вуҷуд орад. Вале, ин маънои онро надорад, ки ба шумо лозим аст, ки дар мактубҳо ва фиристодани онҳо зиёдаравӣ карда, номи истинодҳоро бо маълумоти зиёдатӣ пур кунед. Маълумоти барзиёд сабаби бештар кор кардани мағзи сар мегардад, ки ин бошад ба фишор меоварад.
Хулоса: ба матни истинодҳои худ чун ба рекломи кӯтоҳ муносибат намоед – вай бояд кӯтоҳ бошад ва манфиатро ба бор оварад (аз иттилооте, ки дар саҳифаи аз рӯи истинод кушодашаванда ҷойгир карда шудааст)
Матн ва ҷойгиркунии истинодҳо. Вожаи дағали «Ин ҷоро пахш намо»
Биёед рӯирост бигӯем, агар матни аксари истинодҳои шумо ҳамчун «Ба ин ҷо пахш намо» шаклбандӣ шуда бошад, пас шумо танбал ва ё сода ҳастед. «Ин ҷо» ё «ба ин ҷо пахш намо» бовариро ба бор намеоварад, зеро ки ин калом фаҳмиши онро ки истинод шуморо ба куҷо меорад, намедиҳад. Агар касе маводи шуморо аз назар мегузаронид, вай наметавонист калимаи «Ба ин ҷо паҳш намо» -ро бифаҳмад ва ё аз паси он чӣ моеяд дарк созад.
Гузашта аз ин, нофаҳмиҳои истифодабаранда боз ҳам зиёдтар мегардад, вақте вай «ин ҷо» -гӯиҳои бисёрро мебинад.
Чӣ гуна матни истинод ва ҷойгиркунии он беҳтарин ҳисобида мешавад?
Мақолаи ҳайратангези маҷаллаи Smashing Magazine таҳти унвони «Чаро дар истинод гуфтани «Ба ин ҷо пахш намо» мумкин нест» — и муаллиф Anthony T — ро ба асос гирифта:
- Матни истинод бояд аз исмҳо иборат бошад, зеро барои он ки истифодабаранда тавонад иттилоотеро, ки ба он мебарад, визуалисозӣ кунад
- Исмҳои хос ҳатто бештар қобили қабул ҳастанд, зеро фаҳмидан ва ҳамчун унсури нодир қаламдод кардани онҳо осон мебошад.
- Ғояи хуб – аз феълҳо гурез кардан, барои он ки онҳо «кору амал» — ро мефаҳмонанд ва одатан барои расонидани ақидаи ягонаву муҳим мувофик нестанд.
- Ҳамеша хубтар аст истинодро дар охири ҷумла ҷойгир кунонем, зеро душвориро убур менамоем – болои истинод пахш намоем ё ҷумларо то охир хонем. Дар асл мо бояд ҷараёни гузариш ба истинодҳоро осон намоем, он вақт истинод боиси вокуниши бетарафонаи истифодабаранда мегардад.
- Муносибати кориро дар асоси боварӣ ва мизоҷони баргарданда бино намоед. Ҳеҷ гоҳ фикри худро бор накунед, хеҷ гоҳ «аз меъёр нагузаред»
- Бурдани сомонаро бо роҳи коркарди табии ҷараёни мавод, ки ба иттилооти зарурӣ роҳнамоӣ менамояд, ба роҳ андозед.