ДомойОзмунҳо/ГрантҳоТаҷрибаомӯзӣ барои рӯзноманигорон дар донишгоҳи Freie Universität, Берлин

Таҷрибаомӯзӣ барои рӯзноманигорон дар донишгоҳи Freie Universität, Берлин

Барномаи «Journalisten International» ба донишҷӯёни Белорусия, Русия, Молдавия, Украина, Кафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бо ихтисоси германистика ва журналистика ва бо таҷрибаи кор дар соҳаи хабарнигорӣ, донандаи забони олмонӣ имконият медиҳад бо сиёсат, маданият, иқтисодиёти Олмон ва бо ташкилоти ВАО олмонӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Барнома семинарҳои назариявиро дар Донишгоҳи озоди Берлин, таҷрибаомӯзиро дар нашрияҳои элктронӣ ва васоити ахбори оммаи чопӣ (6 ҳафта) ва саёҳати ҳафтаина ба Олмон пешбинӣ менамояд.

Иштирокчиён идрорпулӣ (750€/моҳе) ва кӯмакпулӣ барои эҳтиёҷи роҳ хоҳанд гирифт. Имконияти начандон қиммат зистан дар хобгоҳ дода мешавад. Барнома ба муҳассилини 1 ва 2 соли магистратура ва инчунин соли охирини хониш ба мутахассис аз рӯи самти «журналистика» ва «германистика» (омодагӣ доштан дар соҳаи ВАО муҳим аст) имконият медиҳад маҳорати касбии худро баланд бардоранд ва бо ҳамкорон аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо алоқа барқарор намоянд.

Маълумоти дақиктаринро дар сомонаи DAAD ва бланки аризаро ҳам ин ҷо пайдо карда метавонед. Ҳуҷҷатҳо ва ариза барои иштирок бояд бо забони олмонӣ пур карда шаванд.

Мӯҳлат ва макони пешниҳоди ариза:

Барои иштирокчиёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия: аризаи асл аз ҷониби унвончӯ бо почта/ идораи хаткашонӣ ба намояндагии

Москавии DAAD, ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ дар файли намуди pdf дар Берлин бо суроғаи jil@zedat.fu-berlin.de аз 14.09 то худи рӯзи 22.11.2015 с. (рӯзи охирини гирифтани ариза) ирсол мегардад.

Барои иштирокчиёни кишварҳои дигар (Белорусия, Украина, Молдавия, кишварҳои Кафқоз ва Осиёи Миёна): ариза бевосита ба Берлин тибки почтаи электронӣ дар файли намуди pdf бо суроғаи jil@zedat.fu-berlin.de аз 14.09 ва фарогир то санаи 22.11.2015 с. фиристода мешавад. Фиристодани нусхаи коғазии ариза лозим нест.

Мусоҳиба дар ҳузури комиссияи мустақил баргузор мешавад.

Муфассалтар дар сомонаи polsoz.fu-berlin.de.

Матни асли: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ