ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни маводи журналистӣ оид ба тағйирёбии иқлим

Озмуни маводи журналистӣ оид ба тағйирёбии иқлим

Озмуни «Нақл дар мавзӯи тағйирёбии иқлим»  аз ҷониби БРСММ баргузор гашта, ба баландбардории огоҳии ҷомеа оид ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ба мардум ва ҷомеаҳо дар кишварҳои камдаромад ва миёнадаромад нигаронида шудааст. Озмун барои рӯзноманигорони ҷавони кишварҳои дар ҳоли рушд имконияти нодиреро барои саҳми худро ба мубоҳисаи ҷаҳонӣ доир ба  тағйирёбии иқлим дар арафаи COP21 гузоштан, инчунин таъмини эътирофи бартарии онҳоро пешниҳод менамояд.

Воқеаҳои гуногуни интихобшуда аз 2 то 29 ноябр ҳамарӯза нашр карда мешавад. Ду нафар хабарнигорон дар нишасти иқлим дар Париж иштирок хоҳанд кард.

Соҳаҳои мавзӯии БРСММ таваҷҷӯҳи хоссаеро ба мақолаҳое, ки сару кор дорад ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳуқуқи инсон (таъсир ба саломатӣ ва муҳити кор, дастрасӣ ба маводи озуқа ва об, ҳуқуқи зистан дар ҷомеаи муайян ва ғ.) ва қарорҳое, ки метавонанд ба таври мусбат таъсиррасонанда ба ҳаёти ҷамоатҳои маҳаллӣ бошанд, зоҳир менамояд.

Меъёрҳо

  • Иштирокчиён рӯзноманигорони ҷавони то синни 35 сола
  • Иштирокчиён аз кишварҳои дар ҳоли рушд, осебпазир ба таъсири тағйирёбии иқлим
  • Иштирокчиёне, ки аллакай таҷрибаи ҷамъиятии навиштани шакли хаттӣ тавассути ВАО расмӣ доранд.
  • Иштирокчиён ҳавасмандии устувор – дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмиллалӣ – дар самти огоҳии бештари ҷомеа оид ба ин масъалаи муҳими ҷаҳонӣ доранд.
  • Иштирокчиён мекӯшанд аз имконият барои сохтани иқтидори рӯзноманигории худ ва ҳиссагузорӣ дар COP21 истифода намоянд.
  • Иштирокчӣ метавонад танҳо як сабтро, инфиродӣ ва ё дар гурӯҳ фиристад.
  • Ҳаҷми воқеа бояд аз 600 то 1000 калима бошад ва ҳаддал имкон 5 аксро дар бар гирад.

Озмун то 11 октябри соли 2015 ҷараён мегирад.

Чӣ тавр ариза пешниҳод кард

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан, ба europe.undp.org. –ташриф оваред.

Манбаъ: dr.kg.

Манбаи акс дар пешнамоиш: pixabay.com.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ