ДомойХудомӯз5 онлайн – восита барои таҳлили сомона

5 онлайн – восита барои таҳлили сомона

Санҷиши мунтазами сомона ба шумо имконият медиҳад, ки дар бобати ба таври ҳамешагӣ аз коршоям будани онлайн-сарчашма воқиф бошед. Бо мадади чунин хидматгузориҳои ройгон шумо метавонед иттилои бештару муфассалро доир ба суръати пур кардани саҳифа, шумораи ғалатҳои мавҷуда, нуфузи Google ва Яндекс, мувофиқатӣ барои таҷҳизоти мобилӣ ва бисёр маълумоти дигарро дастрас (ва ё қабул) намоед.

Cy-pr.com муайян менамояд, ки оё сомона ба номгӯи манбаъҳои шубҳанок дохил шудааст, мавқеи сомона дар нуфузи ҷаҳонии Alexa Rank чи гуна мебошад, маънои Яндекс НМИ (НМИ — Нишонаи мавзӯии иқтибосоварӣ – ТИЦ — Тематический Индекс Цитирования, нишонаи бонуфузии сомона дар Яндекс) ва Google PageRank — дараҷаи бонуфузии саҳифаҳое, ки аз Google истифода шудаанд, чӣ аст.

Дар қатори вазифаҳои ройгони хидматгузорӣ номгӯи сарчашмаҳои рақиб ва таҳлили пурсишҳои асосии ҷӯянда дар Яндекс ва Google  мавҷуданд.

Quicksprout.com на танҳо ҳисоботро оид ба суръати пур кардан ва SEO — таҳлил (нишонрасу дурустии сарлавҳаҳо, теги) пешниҳод менамояд, балки хислати умумӣ – теъдоди аломатҳоро дар навиштаҷот ва ғайра тавсия медиҳад.

Замима ҳамчунин нишон медиҳад, ки кадом шабакаҳои иҷтимоӣ дар айни ҳол таваҷҷӯҳи шумораи зиёди сарчашмаро ҷалб менамояд.

Nibbler амалан шабеҳи он фаъолият менамояд. Шумо метавонед нуфузи умумии сомона, суръати пурбор кардани саҳифаҳо, ҳамкории сарчашма (манбаъ) бо ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраро бубинед.

Боз як онлайн-дастурамал барои санҷиши сомона – g.tmetrix.com мебошад. Вазифаи асосии он бе бақайдгирӣ дастрас будан, суръати тези пур кардани саҳифа маҳсуб мешавад.

Pingdom.com ҳамчунин ба шумо дар масъалаи фаҳмидани он, ки саҳифаҳои сомона бо кадом суръат пурбор, андозаи онҳо ва нишондиҳандаҳо бо фосилаи гузашти вақт муқоиса карда мешаванд, мадад мерасонад.

Барои он, ки то кадом андоза сомонаи шумо барои дидан дар таҷҳизоти мобилӣ мувофиқ аст, хидматгузории махсуси Google-ро истифода баред.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ