ДомойХудомӯзMaps4news.com - хадамоти харитасозӣ барои ВАО-и онлайнӣ ва чопӣ

Maps4news.com — хадамоти харитасозӣ барои ВАО-и онлайнӣ ва чопӣ

Воситаҳои онлайнӣ барои эҷоди харитаҳо бисёр вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, аксарияти онҳо ба ВАО-и онлайнӣ ва таъмини маводи интерактивӣ равона гардидаанд. Maps4news.com — воситаест, ки имкон медиҳад ҳам барои ВАО-и анъанавӣ ва ҳам ВАО-и онлайнӣ харитаҳои иҷозати баланддошта ва андозаҳои гуногунро омода созад.

Дар бораи тафовути ин хадамот аз воситаҳои монанд, ба мо намояндаи ширкат Ҷон Келли чунин гуфт.

Ҷон: “Maps4News ба оилаи MapCreator, маҳсулоти таъсисдодаи гурӯҳи кортҳои мухлисони мутаяссиб (фанатичный), ки барои ба даст овардани кортҳои оддӣ, зуд ва ба ҳама дастрас, якҷоя кор мекунанд.

Мо ба муштариён барои пайдо кардани кортҳои зебои визуалӣ ва стилистикӣ мадад расонида, хадамоти мукаммалро пешниҳод менамоем, ки бо кӯмаки он метавонанд  харитаҳоро дар расонаҳои чопӣ, веб-сомонаҳо ва ғайра интишор намоянд».

Алҳол ҳамаи вазифаҳо ройгонанд? Минбаъд низ ҳамин тавр мешавад?

Maps4News  дорои нусхаи озмоишии ройгон мебошад, зеро бисёр муҳим аст, ки истифодабарандагон ва ородиҳандагони графикии оянда имкониятҳои воситаро дарк намоянд. Мо мардумро барои кушодани аккаунти озмошӣ даъват менамоем, то ки онҳо тавонанд ба хизматрасонии мо баҳо диҳанд. Пас аз давраи санҷиш, мо пешниҳоди тиҷоратиро таъмин менамоем.

Maps4news.com аз бисёр хадамоти дигари харитасозӣ бо чӣ тафовут дорад?

Хизматрасонӣ: Мо њар як лоињаи харитасозиро аз лаҳзаи таъсиси он назорат менамоем. Ин ба мо имконияти таъмин намудани хизмати ҷонибдори фаъолро иедиҳад.

Технология: Суръати боздод (ба ҳисоби миёна 30 сония) — ин тез аст! Вале корти фармоишгари дар 30 сония доштан — боз ҳам беҳтар нисбат ба суръат.

Мутобиқатии корпоративӣ: Мо коршиносон дар мутобиқсозии кортҳо бо сабки корпоративӣ.

Интерфейси истифодабарӣ: Воситаҳои идоракунӣ дар панел хеле осон аст.

Фарогирии ҷаҳон: Баъд аз он, ки шумо аккаунти истифодабариро дохил менамоед, фарогирии тамоми ҷаҳонро ба даст меоваред, пас ягон қисми он, аз кӯчаҳо то ба сатҳи «ҷаҳонӣ»-ро ҷудо намуда, метавонед боқӣ гузоред.

Мутобиқатӣ байни платформа: Пешниҳод барои ҳам нашрияҳои чопӣ ва ҳам рақамӣ рост меояд. Maps4News  дар ҳама гуна браузер, PC ё Mac кор мекунад. Зеркашии барнома зарур нест.

Ҳамкорӣ: Бо мо кор кардан хуб аст!

Ягон чизи махсус нест, ки хадамотро дар ҳақиқат барои хабарнигорон зарурӣ созад?

Ҳаст вазифае, ки таҳриркунии иловагиро нозарур месозад: вақте, ки шумо дар харита нишонаеро ҷойгир менамоед, системаи мо харита ва номҳо (кӯчаҳо)-ро дар атрофи тасвир ҳамвор месозад. Ин маънои онро дорад, ки суханон ду баробар кам нестанд ва ҳамроҳшавии матн ҳангоми ҷойгиркунии нишонаҳо вуҷуд дорад. Он вақтро барои таҳриркунӣ бисёр сарфа менамояд!

Бартарии дигар: Ба хабарнигорон зарур нест, ки барномаи иловагиро барои рассомӣ, сохтани харитаи муштарак истифода намоянд, зеро қарори  мо имконияти илова кардани моддаҳои зеринро дар харитаи интерактивӣ дорад: тасвирҳо, хатҳо ва шаклҳо, истинод ба видео, истинод ба тасвир, роҳҳо.

Журналистоне, ки бо забони англисӣ навишта наметавонанд, оё аз хизматрасониҳо  истифода карда метавонанд?

Бале, аккаунт Maps4News метавонад бо забонҳои олмонӣ, франсузӣ, испанӣ, голландӣ, норвегӣ, датӣ, финӣ, португалӣ, итолиёвӣ, шведӣ ва англисӣ фармоиш қабул намояд. Мо дар оянда ба иловаи забонҳои нав идома хоҳем дод.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ