ДомойОзмунҳо/ГрантҳоИдрорпулии Маркази Ҷоан Шоренштейн дар Ҳарвард барои журналистон

Идрорпулии Маркази Ҷоан Шоренштейн дар Ҳарвард барои журналистон

Журналистони саросари ҷаҳон, ки на камтар аз панҷ сол таҷрибаи корӣ доранд ва дар соҳаи тадқиқоти илмӣ ва табодули таҷриба, ҳамзамон дар соҳаи сиёсати давлатӣ ва сиёсӣ манфиатдор мебошанд, барои гирифтани ин стипендия метавонанд дархост пешниҳоод намоянд.

Идораи давлатии Институти Ҳарвард ба номи Ҷон Ф. Кеннеди барои гирифтани идрорпулии Маркази Ҷоан Шоренштейн дархост қабул менамояд.

Дархостҳо аз журналистон, олимон ва сиёсатмадороне, ки дар соҳаи ВАО, фаъолияти сиёсӣ ва сиёсати давлатӣ фаъолона кор мекунанд, қаул карда мешаванд. Донистани забони англисӣ муҳим аст.

Гирандагони идрорпулӣ дар маҳалли таълим дар муддати як семестр истиқомат мекунанд ва дар ҳаҷми 30 000 доллари ИМА стипендия мегиранд, ки дар чаҳор давра барои як семестр пардохт карда мешавад. Марказ арзиши роҳкиро ва истиқоматро пардохт намекунад.

Гирандагони идрорпулӣ барои кор бо бино, компютер, принтер ва телефон таъмин карда мешаванд. Довталабон бояд номаи ба шакли ариза пуркардашудаи сарпӯш, нақшаи лоиҳаи илмӣ, муаррифнома (резюме) ва тавсияҳоро фиристанд.

Дархостҳо то 1-уми феврали соли 2016 қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ инро пахш намоед.

Манбаъ: ijnet.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ