ДомойМедиалентаВебинари “Маълумоти визуалии интерактивӣ ба воситаи Infogram”

Вебинари “Маълумоти визуалии интерактивӣ ба воситаи Infogram”

10 декабри соли 2015 соати 17.00 бо вақти Астана ва Бишкек, соати 16.00 бо вақти Душанбе аз ҷониби бунёдгарони хизматрасонии маъруф барои маълумоти визуалии Infogram.am вебинари истисноии “Маълумоти визуалии интерактивӣ ба воситаи Infogram” гузаронида мешавад.

Маълумоти визуалии интерактивӣ ба воситаи онлайн-хизматрасонии Infogram ба ВАО барои ҷалби таваҷҷӯҳи аудитория ва зиёд намудани вақти дар сомона боқӣ мондани истифодабарандагон то ба 60 дарсад (фоиз), кӯмак мерасонад.

Дар вебинари ройгони мо Шумо чӣ тавр истифода бурдани ин воситаи оддӣ, вале хеле самарабахшро меомӯзед.

Дар вебинар мо намунаҳои беҳтаринро аз рӯи маълумоти визуалӣ дида мебароем ва тарзи сохтани графикаи интерактивӣ ва инфографикаро бо кӯмаки Infogram меомӯзем.

Вебинарро Ника Алексеева мегузаронад. Ника дорои таҷрибаи корӣ дар соҳаи журналистика буда, фаъолияти ӯ навиштани мавод дар мавзӯи бизнес ва ташкили таърих дар асоси маълумотҳо оид ба энергетика, тамоюл дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва маорифро дарбар мегирад.

Айни замон Ника ба “Шабакаи Сафирон Infogram” (Infogram’s Ambassador Network), ки ба такмили дониш дар барои маълумот равона шудааст, мутассаддӣ мебошад.

Барои он, ки дар вебинари ройгон иштирок намоед, аз истинод гузаред.

Вебинари “Маълумоти визуалии интерактивӣ ба воситаи Infogram” аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таъмин гардид, имконпазир шуд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ