ДомойОзмунҳо/Грантҳо5 грант, идрор ва озмунҳо барои рӯзноманигорон, ки моҳи феврал пешниҳод мегардад

5 грант, идрор ва озмунҳо барои рӯзноманигорон, ки моҳи феврал пешниҳод мегардад

Ijnet.org баҳри медиамутахассисон имкониятҳои аҷибро интихоб намуд. Дар феҳрист – грантҳо барои таҳсил дар хориҷа, озмунҳо ва ғайра.

Мукофоти Ани Нидрингхаус баҳри мадридагрӣ дар фоторӯзноманигорӣ. Мӯҳлат 12 феврал.

Фонди байналмилалии занҳои дар ВАО фаъолият кунанда (International Media Foundation (IWMF)), номзадонро баҳри дирёфти мукофоти Ани Нидрингхаус дар соҳаи рӯзноманиорӣ даъват мекунад. Мукофот ба шарафи аксбардор АР Ани Нидрингхаус, ки дар Афгонистон апрели соли 2014 кушта шуда буд, таъсис дода шудааст. Мукофот ба занҳо-фоторӯзноманигорон, ки дар фаъолияти худ тавоноӣ, далерӣ ва суботкорӣ нишон додаанд, ки хоси Нидрингхаус мебошад, супорида мешавад. Афзалият ба маводҳои бо забони англисӣ пешниҳод шуда дода мешавад. Инчунин дархостҳо бо дигар забонҳо низ қабул карда мешаванд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба инҷо пахш кунед.

Барномаи идрории Донишкадаи рӯзноманигории Рейнолдс (RJI). Мӯҳлат 15 феврал.

Барномаи идрори, бо сарпарастии Донишкадаи рӯзноманигории Рейнолдс (RJI), аз шахсони дорандаи пешноҳодҳои инноватсионӣ дар соҳаи назария ва таҷрибаи рӯзноманигори, дархост қабул менамояд.   Донишкада идрорҳои резидентӣ ва норезиденти, инчунин идрор барои ташкилотҳоро пешниҳод менамояд. Давомнокии барнома – 8 моҳ. Иштирокчиёни барномаҳои резиденти ҳармоҳа идрорпулиро ба маблағӣ 10 000 доллар, норезиденти – 2500 доллар соҳиб мегарданд. Имсол RJI фаъолияташро хусусан ба масъалаҳо ва лоиҳаҳои иттилооти равона гардонидааст. Барои гирифтани маълумоти бештар инро интихоб кунед.

Мукофоти ЮНЕСКО баҳри саҳм оид ба озодии нашр. Мӯҳлат 15 феврал.

Рӯзгоманигорон, ширкатҳо ва муассисаҳо аз тамоми ҷаҳон, ки фаъолияташон ба озодии ВАО равона карда шудааст, метавонанд соҳиби дарёти ин мукофот ба маблағи 25 000 доллар гараданд. Дорандаи ҷоиза 3 майи соли 2016, дар рӯзи ҷаҳонии озодии сухан, дар маросими махсуси шаҳри Хулсенки, Финляндия муаррифи хоҳад шуд. Барои дарёфти маълумоти бештар инҷоро пахш кунед.

Озмуни байналхалқии ба дарёфти мукофоти Найтҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ. Мӯҳлат 17 феврал.

Маркази байналмилалии рӯзноманигорон (ICFJ) дарёфти номзадонро барои гирифтани мукофоти байналмилалии Knight International Journalism Award –ҷустуҷуй дорад. Ба гирифтани мукофот рӯзноманигороне, ки дар кори худ аз назари нав ва технологияҳои сохтани маводи баландсифат, ки ба ҳаёти мардуми давлатҳои тараққи карда таъсир мерасонад, сазовор шуда метавонанд. Лауреатон дар маросими ICFJ, Вашингтон, округи Колумбия, 14 ноябри соли 2015 мукофотонида мешаванд. Ҳар ғолиб соҳиби маблағи пули баробари 10 000 доллари ИМА ва тӯҳфаи махсуси хотиравӣ мегардад. Барои дарёфти маълумоти бештар инро пахш кунед.

Идрор оид ба рӯзноманигории байналхалқии Донишгоҳи Синхуа. Мӯҳлат 28 феврал.

Рӯзноманигорони тамоми ҷаҳон, донандаи хуби забони англисӣ, метавонанд барои таҳсил дар барномаи магистрии соҳаи бизнес-рӯзноманигории глобалии мактаби рӯзноманигори ва коммуниктсияи Донишгоҳи Синхуа дархост пешниҳод намоянд. Барномае, ки гурӯҳи устодони байналхалқи мегузаронанд, малакаҳоро оид ба рӯзноманигории тиҷорати, бо кофтукоби мавод ва истифодаи чандрасонаги дар мавзӯҳои иқтисодиро меомӯзонанд. Донишҷӯёни барнома инчунин ба медиалабораторияи муҷаҳҳаз бо даҳ терминали Bloomberg, дастраси пайдо менамоянд. Барои дарёфти маълумоти иловаги, инро пахш кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ