ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОмӯзиш барои журналистон Knight Science Journalism Fellowship Program

Омӯзиш барои журналистон Knight Science Journalism Fellowship Program

Knight Science Program номзадҳоро барои барномаҳои таҷрибаомӯзӣ қабул ва журналистонро аз тамоми ҷаҳон барои иштирок дар ин имконияти беназир, ки метавонад ба рушди касбият мусоидат кунад, даъват менамояд.

Донишҷӯён метавонанд аз семинарҳои омӯзишии омехтаи бой ва гуногун бисёр маълумот ба даст оваранд, дар сафарҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намоянд, мусоҳиба гиранд, инчунин бисёр хонанд ва нависанд.

Барнома иборат аст аз:

Семинарҳо – семинарҳо мунтазам аз ҷониби муҳаққиқони маъруф ва мутахассисони медиа гузаронида мешаванд.

Экскурсияҳо — ҳар сол ба ҷойҳои гуногун саёҳатҳо (экскурсияҳо) гузаронида мешаванд, ки таваҷҷӯҳи махсуси олимон ва нависандагонро ҷалб  менамоянд.

Медиа-тренингҳои техникӣ – бисёре аз шабакаҳои телевизионӣ мехоҳанд, ки кормандони онҳо аз мактаб бо қобилияти бештари олии техникӣ баргарданд.

Симпозиумҳо — 1 – 2 симпозиум дар мавзӯи: илм, журналистика, технология давра ба давра ташкил карда мешаванд.

Иштирокчиён стипендия дар ҳаҷми 70 000 $ ва ҳамзамон, имтиёзҳои иловагӣ, ба монанди суғуртаи пурраи тиббиро мегиранд.

Талабот ба номзадҳо

Дар барнома иштирок карда метавонанд:

  • Журналистоне, ки бо воҳиди пурраи корӣ дар ташкилот ё барои худ фаъолият мебаранд. Журналистон ё нависандагоне, ки ба таври рӯзи нопурраи корӣ фаъолият мебаранд, дар барномаи мазкур иштирок карда наметавонанд.
  • Онҳое, ки ҳадди ақал 3 сол дар соҳаҳои: илм, техника, тиб, муҳити зист таҷрибаи корӣ доранд.
  • Гузоришгарон, нависандагон, муҳаррирон, продюсерон, иллюстраторон, коргардонҳо, фотожурналистон. Номзадҳо метавонанд дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, телевизионҳо, радиоҳо кор кунанд.

Барои пешниҳоди дархост чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:

  1. Автобиографияи касбӣ.
  2. Резюме.
  3. Пешниҳод дар бораи лоиҳа, ки номзад дар давоми омӯзиш амалӣ кардан мехоҳад.
  4. Намунаҳои кор.
  5. Се тавсиянома.

Дархостро мумкин аст ба таври онлайн ба сомонаи ташкилкунандагон пешниҳод намуд.

Мӯҳлат: 29-уми феврали соли 2016

Муфассал оид ба барнома дар сомонаи ташкилкунандагон.

Манбаъ: grantist.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ