ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун барои суратхое, ки бо iPhone аксбардорӣ шудаанд

Озмун барои суратхое, ки бо iPhone аксбардорӣ шудаанд

Дар ин озмун ҳамаи одамон аз тамоми ҷаҳон иштирок намуда, аз ҷониби ширкати  Apple маҳсулоти онро бурд карда метавонанд.

The iPhone Photography Awards (IPPAWARDS) озмуни аз ҳама нахустин ва куҳантарин ба шумор меравад, ки барои суратҳои дар  iPhone гирифташуда мукофот медиҳад.

Дар ин озмун се нафар муаллифи аксҳои беҳтарин соҳиби тӯҳфаҳои маҳсулоти ширкати Apple мегарданд. Аксбардороне, ки дар ҳар як 19 давра ҷои яккумро мегиранд, соҳиби ҳайкалчаи рамзии тилоӣ мегарданд. Суратҳое, ки ҷои яккум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, дар онлайн-нигористони IPPAWARDS суратҳои гирифтаашон ба табъ расонида мешаванд. Ҳамаи суратҳо ҳатман тавассути  iPhone, iPod ё iPad бояд  аксбардорӣ шуда бошанд. Аксҳо набояд, ки  дар фотошоп ё дигар барномаҳои аскҳоро коркардкунанда коркард шуда бошанд. Аммо барои коркард намудани суратҳо дар худи  iPhone иҷозат дода шудааст.

Маблағи аъзошавӣ ба ин озмун аз 3,5 доллари ИМА то 57,5 долларро барои 25 адад сурат ташкил медиҳад. Даросхтҳо барои иштирок дар ин озмун то санаи 31-уми март қабул карда мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ инҷоро пахш кунед.

Источник: ijnet.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ