Бароятон якчанд онлайн-хизматрасониҳои интихобшударо пешкаш менамоем, ки бо ёрии он метавонед бо осонӣ шарҳу эзоҳи худро нисбати ягон матни нашргардида, аксҳо, веб-манбаҳо ҷойгир кунед. Ин воситаҳо ройгонанд. Аммо барои истифода бурдан аз ин хизматрасонӣ Шумо бояд онро фаъол гардонида, аз қайд гузаред.
Markkit.net: Ин букмарклети (аз забони англисӣ bookmarklet; bookmark — «гузориш» ва applet — «апплет») оддӣ мебошад, ки дар аксарияти браузерҳо кор мекунад ва ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки ҳудуди сомонаро аз зер равшан гардонида, баъдан истиноди беназирро ба дигарон пешкаш намояд. Markkit.net оддӣ ва бидуни реклама мебошад.
szoter: имкон медиҳад, ки скриншотҳо созед, суратҳо кашида гиред, бо воситаи веб-камера аксбардорӣ намоед ва баъдан бо ин аксҳо кор кунед. Яъне суратро ба тарзи дилхоҳ табдил диҳад ва ё ба он матн илова намояд. szoter ҳам бидуни рекламаҳо буда, аммо барои истифода аз хизматрасониҳои он Java лозим меояд.
Crocodoc: Ҳуҷчатҳоро (DOC, PDF) кашида гирифта, қисмҳои асосии онро ҷудо кунед ва сипас шарҳу эзоҳи худро илова намуда, бо дигарон пешниҳод кунед. Хонандагон метавонанд ба ин шарҳу эзоҳи Шумо фикру андешаҳои худро баён карда, ҷавоби хешро ворид намоянд. Шумо ҳуҷчатҳои аслӣ ва ё шарҳи мухтасар (аннотатсия) доштаро кашида гиред. Crocodoc дар истифода осон ва бидуни реклама мебошад.
Ба Bounce суроғаи истинодро илова намоед ва скриншоти шарҳи мухтасарро (аннотатсия) созед ва бо ёрии истисноди беҳамто онро дар сомонаҳо ба дигарон пешкаш намоед. Bounce ҳоло содда ва бидуни реклама мебошад.
Thinkport Tool: Annotator нависед ё матни нусхабардорӣ шудаи онро ҷойгир карда, ба ҳамкорон пешниҳод намоед, ки онҳо метавонанд онро бо рангҳои гуногун аз зераш равшан намоянд.