ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҚабули дархост барои иштирок дар конфронси медиамутахассисон ва фаъолони ҷомеа

Қабули дархост барои иштирок дар конфронси медиамутахассисон ва фаъолони ҷомеа

Ба конфронси «Ҳамкории ВАО ва ҷомеаи шарҳрванди чун гарави муқовимат ба таҳдидҳои иттилооти ва пешбурди шаффофият ва ҳисоботдиҳи».

Конфронс 29-30 март дар Бишкек баргузор мегардад. Ташкилкунандагон роҳкиро, зиндаги ва хӯроки иштирокчиёнро пардохт менамоянд. Барои иштирок  дархостро (аз инҷо кашида гиред), бо тавсири фикри маводи рӯзноманигори ё лоиҳаи СҒД барои ҷалби диққат ба мавзӯи амнияти иттилооти, шаффофияти буҷа ва ҳисоботдиҳи бояд пешниҳод намоед. Беҳтарин дархостҳо сазовори грант шуда метавонанд.

Дархостҳо то 20 марти 2016 сол  тариқи суроғаи почтаи электронии mediaandcso@gmail.com, бо мавзӯи «Заявка на участие в конференции» — қабул карда мешавад.

Дар доираи конфронс муҳокимаҳо, презентатсия ва семинарҳо ба нақша гирифта шудаанд. Масъалаҳои тамоюли ВАО дар Осиёи Маркази, муқовимат ба таҳдидҳои иттилооти  ва тарғиботи муҳокима карда мешаванд.

Инчунин муаррифии таҳқиқоти журналисти, мадиа-маводҳои иҷтимои, лоиҳаҳои муваффақи ташкилотҳои ғайридавлати дар намуди видео ва инфорграфика ба нақша гирфта шудаанд.

Ба ҳайси коршиносон медиа-коршиносони маъруфи Осиёи Маркази ва меҳмонони хориҷи Онник Джеймс Крикорян, журналист, медиа-мушовир, медиа-тренер, мутахассиси соҳаи рӯзноманигории низоӣ ва медиаи муосир (Британияи Кабир); Антонио Момок, профессор, факултаи рӯзноманиорӣ ва коммуникатсия, Донишгоҳи Бухарест (Руминия).

Дар рафти конфронс медиа-мутахассисон ва кормандони ТҒТ метавонанд лоиҳаҳои худро дар соҳаҳои таҳқиқоти журналисти, пешбурди ташаббуси шаффофияти буҷа, шаффофият ва ҳисоботдиҳиро таҳрир ва вусъат дода, метавонанд бо мушовирон ва дигар ҳамкорон барои гирифтани гранти хурди Internews пешниҳод омода созанд.

Манбаъ:http://internews.kg/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ