ДомойМедиалентаВебинар: “Агар дар идора аксбардор набошад”

Вебинар: “Агар дар идора аксбардор набошад”

17-уми март соати 17:00 бо вақти Астана ва Бишкек, 16:00 бо вақти Душанбе вебинари аксбардор-ҳуҷҷатнигор Оксана Юшко гузаронида мешавад. Агар дар медиаи Шумо (дар сомона, блог) аксбардор набошад ва худи Шумо акс мебардоред, пас ин вебинар ба Шумо муфид аст.

Лаҳзаҳои асосии вебинар:

  • Чӣ тавр бояд қаҳрамонро акс бардошт?
  • Чаро композитсия муҳим аст?
  • Тафсилот дар акс кадомҳоянд ва чаро онҳо муҳиманд?
  • Лоиҳаи акс чист ва онро чӣ тавр сохтан мумкин аст?

Вебинар барои мутахассисони медиа, ки мехоҳанд на маводи тасвирӣ таҳия намоянд, балки бо аксҳои гирифтаи хеш ҳодисаро нақл намоянд, бисёр муфид хоҳад буд.

Оксана Юшко, аксбардори озод (фриланс), ҳамчун фотожурналист аз соли 2007-ум фаъолият менамояд, дар Москва зиндагӣ мекунад. Ғолиби озмуни веб-журнализм-2014 Prix Bayeux Calvados, 2014 NPPA Magazine Lifestyle Story, 2013 Лоиҳаи BURN MAGAZINE, иштирокчии даври хотимавӣ (финалист)-и фестивали аксбардории ҳуҷҷатии Chiang Mai дар Тайланд дар соли 2013, Anthropographia Human Rights 2012, Lens Culture International 2011, Conscientious Portfolio Competition 2010, The Aftermath project 2010 ва ғайраҳо мебошад.

Бо нашрияҳои Россия ва хориҷи кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар айни замон фаъолияти хешро оид ба лоиҳаҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ дар Россия, Украина ва хориҷи кишвар идома медиҳад.

Иштирокчии бисёр намоишгоҳ ва фестивалҳо дар Россия ва хориҷи он, аз ҷумла, Британияи Кабир, Финляндия, Фаронса, Олмон, ИМА, Мексика ва ғайра мебошад.

Вебинар ройгон буда, барои иштирок дар он, бо чунин пайванд аз қайд гузаред.

Вебинари  “Агар дар идора аксбардор набошад” аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда мешавад. Он бо кӯмаки мардуми Амрико, тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ