ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрантҳо, озмунҳо, стипендияҳо барои рӯзноманигорон

Грантҳо, озмунҳо, стипендияҳо барои рӯзноманигорон

Мехоҳед, ки дар соҳаи рӯзноманигорӣ ба худ дониши нав бигиред ё дар мавзӯи нав навиштанро оғоз намоед ва ё барои заҳмати кашидаатон подоши сазовор гиред? Пас ба ин озмунҳои ояндадор, таҷрибаомӯзиҳо ва озмунҳо барои рӯзноманигорони тамои ҷаҳон  таваҷчуҳ намоед.

Сафари хабарнигорӣ ба Африқо аз Фонди байналхалқии заноне, ки дар Воситаи ахбори омма  кор мекунанд.

Рӯзноманигорзанони тамоми ҷаҳон, ки на кам аз се сол собиқаи корӣ доранд ва донанадаи хуби забони англисӣ мебошанд, барои иштирок дар озмуни сафари хабарнигорӣ ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Ҷумҳурии Демократии Конго аризаи худро супорида метавонанд. Ин сафари корӣ аз ҷониби Фонди байналхалқии занони дар Воситаи ахбори омма (IWMF) фаъолияткунанда ташкил карда шудааст. IWMF ба иштирокчиён тамоми сарфу хароҷоти вобаста ба барномаи озмунро пардохт менамояд. Яъне маблағи сафар, ҷои зист, хурду хӯрок, кор бо мушовирон ва тарҷумононро пардохт мекунад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Фонди миллӣ барои дастгирии демократия маблағҳои бебозгашт, яъне грантҳоро барои воситаҳои ахбори оммаи озод пешниҳод менамояд.  

Медиа ташкилотҳои ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳо метавонанд барои гирифтани маблағҳои бебозгашт, яъне грантҳои Фонди миллӣ барои дастгирии демократия талабу дархости худро пешниҳод намоянд. Маблағи пулӣ аз ҳаҷм ва амали лоиҳаҳо вобаста мебошад. Гранти маблағи ҳаҷми миёнадошта барои 12 моҳ дода мешавад, ки он қариб 50 000 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.  Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.

Озмун барои Ҷамъияти рӯзноманигорони экологӣ.

Рӯзноманигорон аз тамоми дунё, ки ба масъалаҳои экологӣ рӯшанӣ меандозанд, метавонанд дар ин озмун ширкат варзанд. Мукофотҳои дар озмуни мазкур пешбинишуда дар 7 дараҷа супорида мешавад, ки аз инҳо иборатанд: барои беҳтарин мақола; мақолаи барҷаста; мавзӯъҳои таҳлили чуқурдошта; гузориши хабарӣ; акси беҳтарин ва китоби беҳтарин бахшида ба мавзӯи экологӣ. Ғолибони озмун дар ҳар дараҷаи номбаршуда соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари Иоёлоти Муттаҳидаи Амрико дар конфронси ҳамасолаи SEJ мегарданд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сакраменти иёлоти Калифорния баргузор мегардад.

Мукофотпулӣ дар соҳаи рӯзноманигории маълумотҳои асосӣ.

Озмун барои соҳиб шудан ба мукофоти Data Journalism Awards аз ҷониби Global Editors Network (GEN) бо дасгирии  Фонди Найт ва ширкати Google ташкил карда шудааст. Ҳар як ғолиб дар 12 дараҷа соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 000 евро мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ дар Вена, дар доираи Global Editors Network Summit – чорабинии ҳамасола, ки 500 нафар сармуҳаррирон аз тамоми гӯшаву канори дунё ҷамъ меоянд, баргузор карда мешавад.

Мукофоти Leica Oskar Barnack Award

Озмун барои ба даст овардани мукофоти Leica Oskar Barnack Award аксҳоро, ки ба мавзӯи алоқамандии инсон ва муҳити зист бахшида шудаанд, қабул менамояд. Инчунин озмун ду дараҷаи дигарро низ дар бар мегирад, ки ин дараҷа барои аксбардорони навкори синнашон то 25 сола Leica Oskar Barnack Newcomer Award ва дараҷаи Leica Oskar Barnack Public Award мебошад. Нафари дар озмун ғолибомада дар ҳаҷми 25 000 евро мукофотпулӣ, соҳиби дастгоҳи аксбардории Leica M ва инчунин обективҳо ба маблағи 10 000 евро мегардад. Ғолиб дар дараҷаи аксбардори навкор соҳиби дастгоҳи аксбардорӣ, обективҳо бо арзиши 10 000 евро ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 евро мешавад. Нафари ғолибомда дар дараҷаи Public Award соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 500 евро мегардад.

Барномаи стипендиавии Ҳюберт Ҳамфри

Барномаи стипендиавии Ҳюберт Ҳамфри барои як сол пешбинӣ шуда, дараҷаи олимиро пешниҳод намекунад. Вале он барои такмилёбии тахассусӣ барои муошират бо ҳамкорони амрикоӣ имконияти хуб фароҳам меоварад. Дар рафти барномаи  стипендиавӣ иштирокчиён аз рӯи барномаҳои шахсии худ бо ҳамкорон аз барномаи Ҳюберт Хамфри дар алоқаамандии зич кор мекунанд. Инчунин дар маҷлисҳо ва семинарҳо иштирок менамоянд.

 

Манбаъ: ijnet.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ