5-уми апрел соати 14:00 бо вақти Алма-Ато ва Бишкек, 13:00 бо вақти Душанбе вебинари Злата Понировская “Аккаунтҳои медиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ: мавод (контент) ва ҳамкорӣ бо аудитория” гузаронида мешавад.
Мавзӯъҳои вебинар:
- Кадом намудҳои мавод мавҷуданд;
- Нашр ва паҳншавии мавод чӣ тавр ташкил шудааст;
- Менеҷменти мавод барои шабакаҳои иҷтимоӣ;
- Принсипҳои асосии фаъолияти ҷомеа;
- Чӣ тавр шавқи азнав воридшудагонро нигоҳ дорем ва онро ба вафодорӣ табдил диҳем;
- Чӣ тавр бояд ҷомеаи интерактивӣ созем ва тавре кунем, ки истифодабарандагон маводҳоро барои Шумо таҳия намоянд ва шуморо ба дӯстонашон тавсия диҳанд.
Злата Понировская менеҷери беназири медиавӣ мебошад, ки дорои таҷрибаи корӣ оид ба пешбурди аккаунтҳои медиа дар медиаҳои иҷтимоӣ (“Сноб”, “Новая газета”) ва бизнес-аккаунтҳо буда, оҷонсии коммуникатсионии ye-ti ташкил намудааст, ки бо пешрафти ширкатҳо дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст. Муаллифи курси кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Мактаби Олии Иқтисодӣ (Маскав), муаллифи курси лабораторияи медиавии Прага барои менеҷерҳои медиа дар НКО.
Дӯстон, таваҷҷӯҳ намоед, Злата ду вебинар мегузаронад. Якум — доир ба сохтани мавод, дуюм – доир ба пешрафти аккаунтҳои медиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Вебинари дуюм пас аз як моҳ баргузор мегардад.
Вебинар ройгон аст, барои иштирок дар он аз рӯи ин истинод аз қайд гузаред.
Вебинари “Аккаунтҳои медиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ: мавод (контент) ва ҳамкорӣ бо аудитория” аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико имконпазир гардид, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таъмин шудааст.