ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни иштирок дар омӯзишӣ сайёри барои мутахассисони медиаи Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон

Озмуни иштирок дар омӯзишӣ сайёри барои мутахассисони медиаи Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон

Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ дар байни журналистон, муҳаррирон ва продюсерҳои касбӣ барои иштирок дар даври омӯзишӣ озмун эълон менамояд. Он дар базаи Ширкати телевизион ва радиои ҷамъиятии маҳаллии “Ынтымак” (ш. Оши Қирғизистон) гузаронида мешавад.

Дар доираи даври омӯзишӣ иштирокдорон бо фаъолияти идораи конвергентӣ шинос шуда, омода намудан ва коркарди маводро дар имкониятҳои маҳдуд меомӯзанд.

Даври омӯзишӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар доираи барномаи маҳаллии “Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот” дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА барои рушди байналхалқӣ (USAID) гузаронида мешавад.

Даври омӯзишӣ мубодилаи таҷриба, кӯмакҳои технологӣ ва ташкилиро барои  иштирокдорони ВАО барои сохтан ва рушди идораи конвергентӣ дар назар дорад.

Дар давр медиаҳои касбӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карда метавонанд, агар:

на камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар ВАО дошта бошанд;

ҳангоми пешниҳоди дархост журналистон, муҳаррирон ё продюсерҳо чун кормандони штатӣ дар ВАО-и мустақил (шабакаи телевизионӣ, радио, идораи чопӣ ё онлайн)-и Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маҳсуб шаванд;

ба омӯзиш дастрасӣ дошта бошанд.

Шартҳои иштирок дар озмун:

Дархостро пур кунед;

Дархостро то санаи 6-уми апрели соли 2016 ба суроғаи зерин фиристед: crossborderex2016@gmail.com

Аз рӯи натиҷаи озмун се нафарӣ иштирокчиён аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

ШТРҶМ “Ынтымак” – ин ширкати бо майлон рушдкунанда буда, моҳи ноябри соли 2011 бо мақсади мустаҳкамии созиши байналмилалӣ ва байни минтақавӣ, ҳамкории байни фарҳангӣ, ваҳдати мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон, қонеъгардонии талаботи мардум дар иттилооти озод ва объективӣ, дар барномаҳои маърифатӣ, бачагона, фарҳангӣ ва шавқовар, ҳамзамон, барои баландбардории нақши шабакаҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.

ШТРҶМ “Ынтымак” сомона ва нашриёти чопӣ – рӯзномаи “БИЗ”-и худро дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ