ДомойОзмунҳо/Грантҳо«Тасвири иттилоот» - тренинги ройгон барои медиа дизайнерон дар Алмаато

«Тасвири иттилоот» — тренинги ройгон барои медиа дизайнерон дар Алмаато

27-29 апрел дар Алмаато, дар идораи намояндагии Internews Network омӯзиши “Тасвири иттилоот” мегузарад, Тренер – Михаил Кишкарев (Россия, Москва).

Мавзӯи омӯзиш: “Воситаҳои тасвирии алоқаҳо”, “Интихоби ҳарф ва пайвандакҳои ҳарфҳо”, “Инфографика”. Тамоми даври омӯзиш дарсҳои амали гузаронида мешаванд.

Михаил Кишарёв (www.kishkarev.ru), арт-директор, дизайнери студияи Amlinsky Creative Strategies, хатмкунандаи мактаби Олии Бритониё бо барномаи “Алоқаи визуалӣ”.

Барои иштирок дар тренинг дизайнероне даъват карда мешаванд, ки дар онлайн-медиа фаъолият менамоянд. Иштирок дар омӯзиш ройгон. Миқдори ҷойҳо маҳдуданд.

Барои иштирок бояд дархосро дар намуди озод ба суроғаи ogroznaya@internews.org ирсол намоед. Афзалият барои бақайдгири ба ҳамкорни Internews дода мешавад. Намояндагии Internews Network роҳкиро ва зиндагии иштирокчиёни дигар шаҳрҳоро пардохт наменамояд. Кофе брейк ва хӯроки нисфирӯзи аз ҳисоби ташкилотчиён пешбини шудааст. Баъди хатм, сертификат дода мешавад.

Барномаи тахмини:

Рӯзи 1: Воситаҳои тасвирии алоқаҳо

  1. Рамзҳои ягона қабулшаванда;
  2. Medium is the message;
  3. Элементҳои тасвири, усулҳои расмӣ;

 

Рӯзи 2: Дар бораи ҳарфҳо

  1. Сохтори ҳарфҳо;
  2. Гурӯҳи ҳарфҳо;
  3. Интихоби ҳарф, мутобиқати намуди ҳарфҳо;
  4. Маҷмӯъ ва таҳлил.

Рӯзи 3: Инфографика

  1. Намудҳои инфографика;
  2. Тартиб ва таҳлили маводҳои рақами;
  3. Сторитейлинг;
  4. Тарҳ ва ранг дар инфографика.

Манбаи акс дар пешомад: linkedin.com

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ