ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрант ҷиҳати иштирок дар эко-конфронс дар Гавая барои журналистон

Грант ҷиҳати иштирок дар эко-конфронс дар Гавая барои журналистон

Журналистон, аз ҷумла мутахассисон аз кишварҳои рушдёбанда ва намояндагони халқҳои муқимӣ метавонанд ба ин идрорпулӣ (стипендия) дархост пешниҳод намоянд.

Earth Journalism Network (EJN) дар ҳамкорӣ бо Arcadia Foundation ва Full Circle Fund, фонди ташкилоти RSF Social Finance, барои гирифтани грантҳои EJN ҷиҳати иштирок дар Анҷумани Иттиҳодияи умумиҷаҳонии ҳифзи табиат IUCN, ки аз 2-юм то 5-уми сентябр дар Гонолулуи Гавайя баргузор мегардад, дархост қабул менамояд.

Журналистони интихобшуда ҳамзамон, дар семинари якрӯза оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ ва қабули қарорҳо доир ба ҳифзи табиат иштирок мекунанд, ки 1-уми сентябр барпо мегардад. Онҳо маслиҳатҳои касбиро оид ба инъикоси ин мавзӯъҳо ва маълумотро дар бораи кори анҷуман дастрас мекунанд.

Ба грант хароҷоти роҳ ва истиқомат дохил мешаванд.

Иштирокчиён бояд манфиати касбии хешро дар мавзӯъҳои илмӣ ва экологӣ тасдиқ намоянд ва донандаи хуби забони англисӣ бошанд. Онҳо ҳамзамон, маводи журналистиро оид ба натиҷаҳои конфронс бояд омода ва нашр намоянд ё ба мавҷ бароранд.

Дархостҳо то 30-юми апрел қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ инро пахш намоед.

Манбаъ:  ijnet.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ