Ташкилоти «Хабарнигорони бидуни марз» («Репортёры без границ») Индекси ҷаҳонии озодии матбуотро дар нашри нави соли 2016-ум интишор намуд. Индекси ҷаҳонии озодии матбуоти соли 2016 шумораи зиёди фишороварӣ ба озодӣ ва мустақилияти журналистика аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ, баъзе аз мафкураҳо ва манфиатҳои махсусро нишон дод.
Дар ин ҷадвал, ки дараҷаи фаъолияти озоди журналистони маҳаллиро инъикос менамояд, 180 кишвар аз қисматҳои мухталифи олам пешниҳод гардидааст. Мувофиқ ба индекси минтақавӣ, Аврупо (19,8 нуқта) чун минтақаи бештар озоди журналистон боқӣ мемонад.
Пас аз он (бо тафовути калон) Африқо (36,9), ки далели бесобиқа — пеш аз қитъаи Амрико (37.1) қарор дорад. Амрикои лотиниро шумораи афзояндаи сӯиқасд ба журналистон поён мебарад. Баъдан Осиё (43,8) ва Аврупои Шарқ ва Осиёи Марказӣ (48,1) қарор доранд.
Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (50,8) чун минтақае боқӣ мемонад, ки дар онҳо аз ҳама камтар ҳуқуқи журналистон риоя карда мешаванд.
Дар хати болои Индекс се кишвари Аврупои Шимолӣ қарор доранд: Финляндия (якум, аз соли 2010 оғоз намуда), Ҳолланд (дуюм, +2 мавқеъ), Норвегия (сеюм, -1).
Дар охири Индекс Туркманистон (ҷои 178), Кореяи Шимолӣ (ҷои 179) ва Эритрея (180-ум).
Қирғизистон дар нуфузи нав ҷои 85-умро ишғол менамояд,
Тоҷикистон — 150,
Қазоқистон – 160,
Ӯзбекистон – 166.
«Мутаассифона, ин тамоюл намоён аст: дар бисёре аз пешвоёни давлатҳо чизе монанди паранойя бар зидди фаъолияти қонунии журналистон оғоз шудааст», — арз намуд Кристоф Делуар, котиби генералии РБГ.
Индекси ҷаҳонии озодии матбуот, ки бо иқдоми Ташкилоти «Хабарнигорони бидуни марз» («Репортеры без границ») аз соли 2002-юм ҳар сол нашр мешавад – ин воситаи асосӣ барои ҳифзи журналистон мебошад, ки дар асоси рақобати байни давлатҳо таъсис ёфтааст. Эътибори он таъсири бештар намоёнро дар медиа, ҳокимият ва ташкилоти байналмилалӣ, барояш таъмин менамояд.
Индекс вазъияти озодии матбуотро инъикос намуда, дар асоси баҳодиҳӣ гуногунандешӣ, мустақилияти медиа, сифати қонунгузорӣ ва ҳифзи журналистон дар 180 кишварро арзёбӣ мекунад.