ДомойМедиалентаВебинари «Агар дар идора ороишгар (дизайнер) набошад»

Вебинари «Агар дар идора ороишгар (дизайнер) набошад»

28-уми апрел дар соати 19:00 бо вақти Остона вебинари Михаил Кишкарёв «Агар дар идора ороишгар (дизайнер) набошад» гузаронида мешавад.

Вебинар барои муҳаррирон, журналистон, блогерҳо, PR-мутахассисоне, ки мустақилона маводи хешро оро медиҳанд, муфид хоҳад буд.

Мавзӯъҳои вебинар:

  1. Қоидаҳои ороиши маълумот.
  2. Чи тавр ҳарф (шрифт)-ро интихоб кардан мумкин аст?
  3. Кадом тасвир беҳтар аст?
  4. Қоидаҳои оддии интихоби ранг.
  5. Ғалатҳои навъӣ дар ороишот.

Михаил Кишкарёв (kishkarev.ru), арт-директор, ороишгари студияи Amlinsky Creative Strategies, хатмкардаи Мактаби Олии Дизайни Британия аз рӯи барномаи «Коммуникатсияи визуалӣ» мебошад.

Барои иштирок дар вебинари ройгон хоҳиш менамоем, ки аз рӯи ин истинод гузаред.

Диққат! Барои иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:

Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб намоед. Дар браузер бояд тафсири охирини Adobe Flash Player мавҷуд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бо пешфарз сохта шудааст.

Санҷед, ки суръати интернети пайвасткардаи Шумо кофӣ аст. Ҳадди камтарини суръати пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb аст. Суръати тавсиявӣ барои фаъолияти бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад).

Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷидан мумкин аст.

— Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон  муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.

— Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар назди шартномаи истифодабаранда гузоред.

— Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия дода мешавад, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.

Вебинари «Агар дар идора ороишгар (дизайнер) набошад» аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ