ДомойХудомӯз5 замимаи муфид барои почтаҳои электронӣ

5 замимаи муфид барои почтаҳои электронӣ

Имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳо мукотиба бо почтаи электронӣ вақти зиёди мутахассисро мегирад. 5 замимаи муфидро, ки ба Шумо дар истифодаи бештар самараноки Email кӯмак мерасонанд, пешниҳод менамоем.

  1. Wisestamp.com – воситаи оддӣ ва ройгон барои ташкили имзоҳои электронии «дароз» ва «доно» бо истинод дар сомонаҳои Шумо, аккаунтҳо дар шабакаҳои ҷамъиятӣ ва аксҳо мебошад.

5-email

2. Бо кӯмаки замимаи ройгони Google Chrome fullcontact.com Шумо ба гирифтани маълумоти пурра доир ба фиристонандаи мактуб – истинод ба шабакаҳои иҷтимоӣ, шарҳи ширкат ва ғайраҳо дастрасӣ пайдо мекунед.

3. Воситаи онлайнии Unroll.me муаммои ҷараёни беохири маълумоти «фиристода»-ро ҳал менамояд. Фақат аз номгӯй обунаи нодаркорро тоза кунед.

[youtube youtubeurl=»QL26FS5daGY» ][/youtube]

4.Мехоҳед донед, ки мактуби Шуморо оё гирандаи он хондааст? Васеъкунӣ барои Chrome Mailtrack.io ин имкониятро барои Шумо пешниҳод менамояд.

5. Inboxpause.com – восита барои онҳое, ки аз мукотибаи электронӣ истироҳат кардан мехоҳанд. Пас аз он, ки Шумо замимаро зеркашӣ менамоед, дар қуттии Gmail-и Шумо тугмаи Таваққуф (Pause) пайдо мешавад.

Пахш менамоем – мактубҳои воридотӣ то он вақте, ки Шумо ин дархостро хомӯш намекунед, дигар намеоянд. Хизматрасонӣ ҳамзамон, метавонад ба фиристонандагон паёмакро дар бораи он, ки нома дар ҳолати интизорӣ қарор дорад, ирсол менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ