Донишгоҳи навидҳо, ки интернет-лоиҳаи донишкадаи Пойнтерро меомўзонад, барои хоҳишмандон вебинари ройгони «Берун аз қолабҳо: роҳҳои самарабахш намудани ҳалли мушкилоти маъюбон дар журналистика» — ро пешкаш менамояд.
Вебинари ройгон барои баррасии мавзўи маъюбон санаи 11 май, бо вақти шарқӣ дар соати 14, бо вақтӣ Маскав дар соати 21:00 баргузор мегардад.
Срапарасти вебинари мазкур Фонди Маккормик (McCormick Foundation) мебошад.
Вебинар ба масъалаи роҳҳои самарабахш ифшо намудани мушкилоти маъюбон бо истифода аз маводҳои воқеии шахсан аз забони худи маъюбон гирифта шуда бахшида мешавад. Иштирокчиён бошанд, барои пеш бурдани кор аз болои ингуна сарчашмаҳо тасаввурот пайдо мекунанд.
Ба ғайр аз ин иштирокчиёни вебинар дар бораи ин омилҳои зерин барои худ маълумот мегиранд:
- Ҳангоми баёни асли мушкилоти маъюбон чӣ тавр ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, то ки он шаъну шарафи маъюбон ва одамони имконияташон маҳдудро паст назанад.
- Роҳҳои муносибат ва муомилаи махсуси рўзноманигор на барои баррасии маҷмўи проблемаҳои тиббӣ, балки дуруст ва натиҷабахш ифшо намудани мушкилоти одамон метавонад ба пешрафти кори журналистӣ мадад расонад.
- Роҳҳои бо ҳам алоқаманд намудани мавзўҳои маъюбӣ бо ҳайёти худи маъюбон, ки дар минтақаҳои дигар ҷой доранд, мебошад.
Азқайдгузарӣ барои иштирок дар вебинари ройгон барои баррасии масъалаи маъюбон идома дорад.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ иноҷоро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.