ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҲафт грант, озмун, идрорпулӣ (стипендия) барои журналистон дар моҳи июн

Ҳафт грант, озмун, идрорпулӣ (стипендия) барои журналистон дар моҳи июн

Грантҳои Фонди KnightVICE Innovators  Мӯҳлат 1-уми июн

Журналистон – муаллифони лоиҳаҳои инноватсионӣ – барои иштирок дар тренинг ва маблағгузории лоиҳаҳои хеш аз фонди Knight-VICE Innovators Fund метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Маблағи умумии грантҳо – 500 000 доллари ИМА. Ғолибони озмун дар Ню-Йорк якҷоя бо кормандони VICE News ва Мактаби журналистикаи донишгоҳи шаҳрии Ню-Йорк давоми се моҳ стратегияи рушд ва тақсимоти лоиҳаро коркард менамоянд. Ба иштирокчиён хароҷоти сафар ва истиқомат пардохт карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Озмуни Online Journalism Awards – 2016  Мӯҳлат 3-юми июн

Ассотсиатсияи онлайн-иттилоот (Online News Association, ONA) ҷиҳати иштирок дар озмуни гирифтани мукофот барои дастовардҳо дар соҳаи онлайн-журналистика дар соли 2016 дархост қабул менамояд. Мукофотҳо ба беҳтарин сомонаҳои иттилоотии медиаҳои байналмилалӣ, мустақил ва журналистоне, ки дар журналистикаи мултимедиявӣ сухани нав гуфта метавонанд, тақдим карда мешаванд. Ба категорияҳо дохил мешаванд: хабарҳои фаврӣ, хабарҳои банақшагирифта ва ғайра. Дувоздаҳ ҷоиза дар ҳаҷми 53 500 доллари ИМА мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла 15 000 доллар барои ду ҷоиза дар таҳқиқоти журналистиро дорад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Озмуни Bayeux-Calvados Awards барои мухбирони ҳарбӣ  Мӯҳлат 6-уми июн

Озмуни Bayeux-Calvados Awards барои мухбирони ҳарбӣ мукофотҳоро барои репортажҳо оид ба ҳолатҳои низоъ ё хабарҳои вобаста ба мубориза барои озодӣ ва демократия тақдим менамояд. Дар байни номинатсияҳои озмун – категория барои журналистони ҷавонон, барномаҳои телевизионӣ ва радиоии кӯтоҳ ва дароз, матбуоти чопӣ, нашри онлайнӣ ва фотожурналистика. Ғолибон дар ҳар номинатсия дар ҳаҷми аз 3 000 то 7 000 евро мукофотҳои пулӣ мегиранд. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Идрорпулӣ (стипендия) барои инноватсияҳои иҷтимоии Блум-Хелфанд Мӯҳлат 7-уми июн

Идрорпулӣ (стипендия) барои инноватсияҳои иҷтимоии Блум-Хелфанд, ки дар ҳамкорӣ бо Chicago Ideas Week тақдим карда мешавад, ба пешсафон-навоварон дар журналистикаи дастгирии ҷамъиятӣ, имконияти фаъолияти муштарак бо пешсафони дар тиҷорат муваффақ, ҳамзамон, 10 000 доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳо пешниҳод мегардад. Гирандагони стипендия дар вақти Chicago Ideas Week, ки 17-23-юми октябр гузаронида мешавад, ба Чикаго ташриф хоҳанд овард, ба онҳо тамоми хароҷот пардохт карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Грантҳои Ҷамъияти журналистон-экологҳо (SEJ)  Мӯҳлат 15-уми июн

Журналистони тамоми ҷаҳон барои иштирок дар озмуни грантҳо дар ҳаҷми то 5 000 доллари ИМА даъват карда мешаванд. Грантҳо барои инъикоси лоиҳаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист    Маблағи грант барои харҷи сафар марбут ба лоиҳа, омўзиш, тадқиқот, гузаронидани таҳлил ва дигар хароҷоти мустақими вобаста ба татбиқи лоиҳа метавонад сарф карда шавад. Мавзӯи ин сол: «Ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодии истифодаи энергияи барқароршаванда дар ИМА». Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Барномаи идрорпулӣ (стипендиавӣ)-и Foreign Policy Interrupted  Мӯҳлат 27-уми июн

Занон – олимон, соҳибкорон, журналистон ва донишҷӯён – дар синни 25 сола ва аз он калон барои иштирок дар барномаи Foreign Policy Interrupted метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Ду қисми асосии барнома – онлайн-модули шашҳафтаина ва баъд аз он таҷрибаомӯзии ғайрирезидентӣ (доимӣ) дар ВАО бузург, ки аз як то се моҳ идома меёбад. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Идрорпулӣ (стипендия)-ҳои Forum Freelance Fund барои иштирок дар тренинги бехатарӣ  Мӯҳлат 30-юми июн

Журналистони мустақил ва таҳиягарони филмҳои ҳуҷҷатӣ аз тамоми ҷаҳон, ки эҷодиёташон дар мавзӯи поймолкунии ҳуқуқи инсон равона гардидааст, барои гирифтани идрорпулӣ (стипендия)-ҳои Portenier Human Rights Bursary-и фонди Forum Freelance Fund метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Ғолибони озмун маблағгузориро дар ҳаҷми то 3 000 доллари Канада барои иштирок дар тренинги бехатарӣ гирифта метавонанд. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш кунед.

Манбаъ: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ