Харитаи интерактивии пахши онлайнӣ аз Facebook дар низоми вақти воқеӣ ба Шумо доир ба кӣ ва дар кадом гӯшаи ҷаҳон айни ҳол пахши мустақими видеоӣ мегузаронанд, нақл менамояд.
Шумо метавонед ба тамошобинон шомил шавед ва ҳатто бинед, ки боз кӣ ё киҳо пахши мазкурро дида истодааст.
Харита барои журналистоне, ки маълумотро оид ба лаҳзаи ҷорӣ дар ин ё он минтақа ҷустуҷӯ менамоянд, хеле қулай мебошад – бо кормандон, барандагони пахш, дар Facebook фавран ва ба осонӣ тамос гирифтан ва видеоро барои омодакунии мавод истифода кардан мумкин аст.
Вазифаҳои пахши мустақимро фейсбук нисбатан ба наздикӣ оғоз намуд.
Пахши мустақими видеоӣ – ин видеоҳое, ки истифодабарандагони Facebook дар низоми вақти воқеӣ тақсим мекунанд ва Шумо ба он пайваст (обуна) ҳастед, дар Бахши хабарии Шумо пайдо мешаванд.
Probusiness.by: Бори аввал вазифа барои санҷиши танҳо ашхоси машҳур, арбобони ҷамъиятӣ ва сокинони ИМА бо аккаунтҳои тафтишӣ дастрас буд.
Аз 6-уми апрел хизматрасонӣ барои ҳамаи истифодабарандагони Facebook дастрас гардид. Дар ин бора дар саҳифаи худ асосгузори шабакаҳои иҷтимоӣ Марк Цукерберг иттилоъ дод.
Дар Қазоқистон пахши мустақим дар Facebook барои саҳифаҳо дастрас аст. «Новый репортёр» вазифаҳоро ҳангоми Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимоӣ-2016 аз озмоиш гузаронд.
Ҳангоми тамошои пахши мустаким ё видео, ки дар гузашта пахши мустақим буд, тугмаи Обунаро пахш намоед ё даст расонед, барои огоҳӣ пайдо намудан дар бораи пахшҳои мустақими минбаъда аз аккаунти Facebook. Барои оғози пахш пас аз интихоби «Нашр кардан» («Опубликовать») тугмаи «Пахши мустақим» («Прямая трансляция»)-ро пахш намоед.
Огоҳинома доир ба пахшҳои мустақим
Барои даргиронидан ё ғайрифаъол намудани огоҳинома доир ба пахшҳои мустақим:
Дар кунҷи рости болоӣ пахш намоед ва Танзимот (Настройки)-ро интихоб кунед.
Огоҳиномаи дар тарафи чап бударо пахш намоед.
Facebook-ро пахш намоед.
Барои тағйир додани танзимоти огоҳӣ дар бораи пахшҳои мустақим, саҳифаро поён то нуқтаи Пахши мустақим (Прямые трансляции) ҳаракат кунонед.