ДомойМедиалентаСаммити GEN соли 2016: трендҳои ҳозира ва ояндаи рўзномани-горӣ

Саммити GEN соли 2016: трендҳои ҳозира ва ояндаи рўзномани-горӣ

Ҳафтаи гузашта зиёда аз 600 рўзноманигор ва медиаинноваторҳо зиёда аз 60 давлати дунё дар  шашумин саммити GEN (Global Editors Network – Шабакаҳои байналхалқии муҳаррирон) дар Вена ҷамъ омаданд ва кўшиши пайдо намудани трендҳо ва  мавзўъҳоеро намуданд, ки айни замон таркиби медиасоҳаро муайян менамоянд.

Ташкилотчии конфронс Шабакаҳои байналхалқии муҳаррирон (GEN) мебошад. Ин ташкилоти ғайритиҷоратии рўзноманигорие мебошад, ки аллакай давоми панҷ сол боз дар Порис кор мекунад. Ташкилот дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ояндаи кори соҳаи рўзноманигорӣ ва озодии иттилоот ва озодии медиаҳои иттилоотиро муайян намояд.

Тафсири калидии масъалаҳои GEN 2016-ро дар ин ҷо пайдо намудан мумкин аст, зеро мо қисме аз маводҳоро ин ҷо ба табъ мерасонем.

Трендҳои технологии ҳозира ва ояндаи рўзноманигорӣ

Як қатор дастовардҳо дар технологияҳо, ки дар конфронс пешниҳод ва муҳокима карда шуданд, аллакай иттилоотро ба миён меорад ё дар ояндаи наздик ба соҳаи рўзноманигорӣ таъсири назарраси худро мерасонад.

Иттилооти гуногунзабон 

Тренди нашриётҳои вертикалӣ, пайдоиши мавод-пойгаҳҳо барои ҷамъиятҳои махсусгардонидашуда, инчунин таъминоти нисбатан босамари саводнокӣ барои тарҷимаҳои забонӣ ба нашриётчиҳо имконият медиҳад, ки маводи худро дар якчанд забони мухталиф ба табъ расонанд ва ҳамин тавр ба талабу дархости доираи аудиторияи нисбатан васеъ ҷавоб диҳанд.

Он инчунин барои рӯзноманигорон бозори берун аз сарҳадиро боз мекунад, ки намунаи нисбатан барҷастаи он ин Бойгонии Панамагӣ мебошад. Вале дар иттиллоти гуногунзабон мушкилотҳои асосӣ боз боқӣ мемонанд. Ин мушкилоти нисбатан намоёни тарҷума, мутобиқати пойгаҳҳо барои идора кардани  мавод (CMS) ва тарзи фикрронии рўзноманигорон. Барои тамошо кардан ба ин истинод (ссылка) таваҷҷўҳ намоед.

Дурнамо ва хатари замима барои мубодилаи паёмҳо

Мутобиқ ба ҳолати моҳи июни соли 2016-ум чат соҳиби нисбатан зиёди истифодабарандагони фаъол нисбат шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Яъне 3 миллиард дар муқоиса бо 2,5 миллиард. Инчунин онҳо аз рўйи ҳаҷми видео ва фото-мавод калон мебошанд. Филипп Хертсберг (Philippe Hertzberg), шарики ширкати байналхалқии Empirical Media, гуфт, ки пойгаҳҳо ба монанди Whatsapp, Line ва WeChat ин шабакаҳои асосии тиҷоратӣ мебошанд ва ба нашриётчиён имкон медиҳанд, ки маводи худро офаранд ва бевосита бо истифодабарандагон ҳамкорӣ намоянд. Ҳамин тавр он ҳамчун механизми ташаккулдиҳанда барои ҷамъиятҳо баромад мекунад.

Дар суханронии худ футуролог Эйми Вебб (Amy Webb) афзалият ва камбудиҳои ботҳоро барои чат муҳокима намуд, аз кабили  чатбот бо интеллекти сунъии Tay, ки аз тарафи ширкати Microsoft офарида шудааст.

Рўзноманигорӣ бо дастгириёбии роботҳо

«Роботикунонии рўзноманигорӣ нисбатан баркамол аст барои дар муҳарририяти иттилоотӣ ҷой гирифтан» — гуфтааст рўзноманигор ва коркардчӣ Лоренс Дирикс (Laurence Dierickx), ки аъзои гурўҳи экспертӣ буд. Гурўҳи мазкур ҳолати ҳозираи ин соҳаи навкори бо тезӣ рушдёфтаистодаро баҳогузорӣ менамояд.

Рафиқ ва ҳамгурўҳи ў Элен Фогт (Helen Vogt), директор оид ба инноватсияҳо дар Norwegian News Agency, гуфт, ки роботҳо аз болои ахборотҳои калон таҳлил мегузаронанд ва бо зудӣ аз онҳо матнҳои хурд меофаранд, яъне вақтро сарфа мекунанд ва қодиранд, ки нисбат ба ҳамкорони худ — одамон нисбатан амиқу дақиқ кор кунанд.

Ў илова намуд, ки аз дигар тараф рўзноманигорон ба роботҳо корро меомўзонанд ва инчунин матнҳоро аз мафҳум маънӣ ғанӣ мегардонанд ва сабт кардану дар бойгонӣ нигоҳ доштани ахборотҳои асосиро ба роботҳо меомўзонанд. Вале аз рўйи баҳогузории оҷонсии машваратии Гартнер 20% мавод барои тиҷорат аз соли 2015-ум то 2018-ум аз тарафи роботҳо  офарида мешавад. Баромадкунандагон розӣ шуданд, ки роботҳо барои рўзноманирон вақти холигӣ фароҳам меоваранд, то ки онҳо бо дигар корҳо машғул шаванд, вале ҷойи онҳоро намегиранд. Тезисҳои  калидии панелӣ, ки барои рўзноманигории роботикунонидашуда нигаронида шудаанд.

Бозиҳои иттилоотӣ

Технологияи нави дигар, ки ба истифодабарии он дар муҳарририяти иттилоотӣ оғоз мекунанд, бозиҳои иттилоотӣ мебошад. Шумо метавонед тамоми сессияро дар ин ҷо тамошо кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ