ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни аксбардории New East Photo Prize

Озмуни аксбардории New East Photo Prize

Озмуни аксбардории New East Photo Prize барои мукофотонидани лоиҳаҳои барҷастае, ки бо пешниҳоди нигоҳи нав ба одамон ва кишварҳои минтақа (Аврупои Шарқӣ, кишварҳои Бакан, Россия ва Осиёи Марказӣ).

Ҷоизаро аксбардороне ба даст меоваранд, ки дар кори худ манзараи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва дигар дастовардҳои минтақаи шарқро пешниҳод менамоянд. Бисёр вақт кишварҳои Шарқ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чун кишварҳои ба роҳи кўҳна суст тараққикунанда, ки фарҳанги бой ва гуногунрангии ин кишварҳоро ба нестӣ мерасонанд, пешниҳод карда мешаванд. Озмун кӯшиш мекунад, ки тавассути аксҳо дарку фаҳмишро дар бораи ин кишварҳо васеътар намояд.

Тӯҳфаҳо:

Китоби аксҳо: ғолиби озмун имконияти ташкил намудани китоби нави аксҳоро пайдо менамояд, ки ба он аксҳои ба озмун пешниҳодшуда ворид карда мешаванд, китоби аксҳо бо дастгирии The Calvert 22 Foundation таъсис дода хоҳад шуд.

Намоишгоҳ: корҳои ғолибон дар намоишгоҳи Лондон, ки моҳи ноябр баргузор мегардад, иштирок менамоянд ва ғолиби озмун моҳи декабр эълон карда мешавад.

Тӯҳфа аз маҷаллаи Bird In Flight: фото-лоиҳаҳои ҳуҷҷатии нотамом метавонанд тӯҳфаи махсусро аз ҳамкори озмун онлайн маҷаллаи бахшида ба аксҳо ва санъати визуалӣ — 1,000£ дар охири лоиҳа, ба даст оранд.

Намоишгоҳи байналмилалӣ: ғолибон дар намоишгоҳи байналмилалӣ тавассути шабакаҳои онлайнии (Facebook, Twitter and Instagram) маҷаллаи The Calvert 22 Foundation, ки ҳармоҳа наздик 800 000 нафар одамон аз сартосари ҷаҳон тамошо мекунанд, иштирок мекунанд. Корҳои ғолибон ҳамзамон, аз ҷониби New East Photo Prize ва ҳамкорони озмун theGuardian, Bird in Flight ва дигар созмонҳои минтақавӣ, бахусус:  Riga Photomonth, Photodepartment ва Organ Vida фестивали аксҳо, эътироф мегарданд.

фотоконкурс

Талабот ба довталабон

Дар озмун аксбардорони касбӣ ва ғайрикасбие, ки дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, кишварҳои Балкан, Россия ва Осиёи Марказӣ зиндагонӣ менамоянд, метавонанд иштирок намоянд.

Аксбардорон метавонанд ҳам дар плёнка ва ҳам дар аксбардораки рақамӣ аксҳоро гиранд, истифодаи телефонҳои мобилӣ низ иҷозат дода мешавад.

Барои иштирок дар озмун бояд лоиҳа (силсилаи аксҳо)-ро дар ҳама гуна услуб ё жанр, аз ҷумла портрет, ландшафт, аксҳои ҳуҷҷатӣ ё санъати муосир ва меъморӣ, ки давоми 2 соли охир омода карда шудаанд, пешниҳод карда шавад.

Барои иштирок дар озмун бояд дархост пур карда шавад. Ҳар як лоиҳа бояд бо шарҳи хурд (на бештар аз 600 калима) ва тарҷумаи кӯтоҳ (на бештар аз 200 калима) ҳамроҳӣ карда шавад.

Саволҳоро вобаста ба озмун ба суроғаи photoprize@calvert22.org бо забони англисӣ фиристодан мумкин аст.

Муфассал дар бораи озмун дар сомонаи ташкилкунандагон.

Манбаъ: grantist.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ