ДомойХудомӯз7 онлайн-воситаҳо барои санҷиши қобилиятнокии компютерҳо

7 онлайн-воситаҳо барои санҷиши қобилиятнокии компютерҳо

Санҷиши саривақтии компютерҳо барои эмин будан аз хатарҳои аз даст додани ахборот, ногаҳон қатъ шудани кори дастгоҳ ва ғйраҳо қӯмак мерасонад. Бароятон рўйхати якчанд барномаҳои ройгонро пешкаш менамоем, ки дар таҳлилу азназаргузаронии ҳолати кории компютерҳои шахсиатон, ки дар асоси Windows кор мекунанд, мадад мерасонанд.

  1. CPU-Z

CPU-Z системаи Шуморо сканер мекунад  ва конфигуратсияи лавозимоти онро муайян менамояд. Агар Шумо қисматҳои системаро апгрейд кардани бошед ва мушкилоти ҳамоҳангсозӣ барканор будан хоҳед, пас он дар ин ҷода бароятон бебаҳост.

Агар Шумо чизи ба компютер насбнамудаи худро фаромўш карда бошед, CPU-Z мададрасони беҳамтост. Инучнин барои азназаргузаронии компютер ҳангоми харидорӣ CPU-Z хизмати шоён хоҳад кард.

  1. WiFi Analyzer

WiFi Analyzer – ин воситаи ройгон мебошад, ки бо таҳлилнамоӣ машғул мешавад. Он роҳандозиҳои шабакаи Шуморо ба Wi-Fi аз санҷиш мегузаронад, то бубинад, ки хатти беноқили истифода мебурдаатон бо дигар хаттҳои дар наздикӣ қарордоштаи шабакаи Wi-Fi бармехўрад ё на.

Пас аз таҳлил он тавсия медиҳад, ки Шумо кадом шабакаро истифода баред. Барнома идеалӣ нест, махсусан дар хонаҳои баландошёнаи бисёрҳуҷрагии шаҳрҳои сераҳолӣ, аммо дар баъзе ҳолатҳо он метавонад бо суръатнокии кори Wi-Fi-ро 5 маротиба тезтар гардонад. Ба ҳар ҳол як маротиба онро дар амал озмудан лозим.

  1. Angry IP Scanner

Angry IP Scanner шабакаи Шуморо сканер мекунад, то ки IP-суроға ва портҳои дастгоҳро дида тавонад. Шумо метавонед онро дар хона фаъол гардонида, бубинед, ки кадом дастгоҳҳо ба шабакаатон пайваст мебошанд. Ҳамин тавр санҷида метавонед, ки оё касе интернети Шуморо медуздад ё на ё барои муайян намудани IP-суроғаи ягон дастгоҳи амиқ низ Шумо аз Angry IP Scanner истифода бурда метавонед (масалан, барои муайян намудани IP-суроғаи смартфони худ).

  1. WinDirStat

WinDirStat дискҳои Шуморо, ки дорои ахборотҳои асосӣ мебошанд, сканер мекунад ва мегўяд, ки папкаҳо ва файлҳои гуногун чи қадар ҷойро ишғол мекунанд. Ҳамаи ин дар шакли чўбмонанди иерархӣ, дар намуди графикаи маълумоти муфассал падидор мегардад.

Барномаи WinDirStat на танҳо барои дида тавонистани ҷойҳое, ки ахборотҳои асосии Шумо нигаҳдорӣ мешавад, идеалӣ аст, балки он барои тоза кардани файлҳои ахборотҳои асосии кўҳнашуда хеле қулай мебошад.

  1. Windows Memory Diagnostic

Оё медонед, ки Windows дорои воситаи роҳандозишуда мебошад, ки ҷисмонан модули ОЗУ-ро ҷисман аз санҷиш мегузаронад, то бовари ҳосил намояд, ки иштибоҳ дорад ё на. Ин замима Windows Memory Diagnostic ном дорад.

Ҳангоми истифодабарии он аз нав таҷдид мешавад. Ҳангоми аз нав ба кор даромадани компютер замимаи Windows Memory ба ОЗУ-и Шумо якчанд санҷишгузарониҳоро фаъол мегардонад ва агар дар ягон хатогиву камбудиро пайдо кунад, ҳама имкониятҳоро истифода мебарад, то ба Шумо нишон диҳад, ки кадом модул нуқс дорад. Пас ба Шумо лозим меояд, ки дар он модулро ба дигараш иваз намоед.

  1. JScreenFix

Ба экрани худ бодиққат нигоҳ кунед. Оё дар он нуқтаҳои хурди чангро мебинед? Агар ҳа, пас ин пикселҳои шахшудамонда мебошанд, ки дар як ранги муайян  шах шуда мондаанд. Ин чиз инсонро хеле ғазабнок мекунад.

JScreenFix – ин веб-замимае мебошад, ки ба Шумо мадад мерасонад. Коре, ки он мекунад, ин дар як сония бо истифодаи 100 ранги гуногун нуқтаҳои шахшударо равшан мекунад. Тақрибан пас аз ин гуна амалиёт бояд пикселҳои рўйи экран шахшударо ислоҳ мекунад.

Ин восита оё ҳаме кор меояд? Не. Баъзан пиксели шахшуда аз сабаби нуқси ҷисмонӣ доштани экран ба ҳамешагӣ шах боқӣ мемонанд. Хуллас, фоизи муваффақияти JScreenFix зиёда аз 60% аст.

  1. ClamWin

ClamWin метавонад оддӣ намояд, вале бигзор Шуморо фиреб накунад. Ин яке аз беҳтарин сканеркунии ройгони вирусҳо мебошад, ки барои истифода имрўзҳо дастрас мебошад. Сканеркунонӣ метавонад, ки вақти нисбатан зиёдро гирад, аммо қариб ҳама чизро муайян мекунад.

Хизматрасониҳои бештарро аз манбаъ ёфта метавонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ