ДомойХудомӯзМуқоисаи хусусиятҳои техникии сомонаҳо ба воситаи dareboost.com

Муқоисаи хусусиятҳои техникии сомонаҳо ба воситаи dareboost.com

Агар ба Шумо муқоисаи кори ду хизматрасонии онлайнӣ зарур бошад, аз dareboost.com истифода намоед. Таҳлили аввал – ройгон, баъд аз бақайдгирӣ Шумо метавонед нишондиҳандаҳои техникии сомонаҳоро се маротиба дар як моҳ бе пардохти маблағ баҳогузорӣ намоед.

Dareboost.com ба таври осон ба хизматрасониҳои онлайнӣ, суръати боргирӣ, унсурҳои визуалӣ баҳо медиҳад.

Дар ҳисобот барои ҳар як сомона ҳамзамон, тавсифи муфассали кофӣ дар бораи хатогӣ ва маслиҳатҳо барои ислоҳ кардани онҳо дода мешаванд.

Масалан, мувофиқи таҳлили dareboost.com, саҳифаҳои tengrinews.kz хеле вазнин аст ва ин метавонад ҳангоми хондани хабарҳо дар байни истифодабарандагоне, ки ба Интернети баландсуръат пайваст нестанд, мушкилоте пеш орад.

Восита номувофиқатии баъзе аз маводи саҳифаҳои tengrinews.kz ва васеъшавии ин саҳифаҳо, камбудиҳо дар боргузории аксҳо ва ғайраро дарёфт кард.

Ҳамзамон, Radiotochka.kz бо тавсияҳои dareboost.com, дар ислоҳи баъзе аз самтҳо – барои пайвастан ба саҳифаҳо, вақти аз ҳад зиёд сарф мешавад, дар истифодаи маводи аксдор хатоиҳо ҳастанд ва ғайра эҳтиёҷ дорад.

Ҳисоботи пурраи таҳлилро ба монанди файли PDF зеркашӣ кардан ё тавассути почта ирсол намудан мумкин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ