ДомойХудомӯзBiteable.com – хизматрасонӣ барои таҳияи роликҳои тасвирии видеои

Biteable.com – хизматрасонӣ барои таҳияи роликҳои тасвирии видеои

Biteable.comвоситаи онлайние, ки бо кӯмаки он муаррифии видеоҳои хурди тасвириро ба осонӣ таҳия намудан мумкин аст.

Агар ба Шумо пешниҳод намудани ғояатон зарур бошад, доир ба чизе нақл карданӣ бошед – албатта, ин хизматрасониро озмуда бинед.

Biteable.com ройгон аст, аммо дар видеои Шумо нишонии манбаъ намоён хоҳад шуд. Арзиши истифодаи хизматрасонӣ бе назардошти лого дар лоиҳаи Шумо – 99 доллар дар як сол аст.

Ролике, ки бо biteable.com таҳия карда шудааст, метавонад тахминан чунин намудор шавад:

[youtube youtubeurl=»2yWDYQz8Kao» ][/youtube]

Ё худ ин тавр:

[youtube youtubeurl=»FyXlS8kb_ns» ][/youtube]

Барои кор бо хизматрасонӣ азқайдгузарӣ талаб карда мешавад. Сипас Шумо формати ролики хеш – тасвир бо хирсак, манзараҳо ё видеоеро, ки аз аксҳои Шумо офарида шудааанд, интихоб мекунед.

Навиштаҷот, шумораи зарурии саҳнаро илова мекунем.

Дар хотир доред – сарлавҳаи ролики Шумо бояд бо ҳарфҳои лотинӣ навишта шуда бошад.

Сабк ва мусиқии сурудро интихоб менамоем (имконияти зеркашии аудио ҳаст).

Пас аз чанд дақиқа ролики тасвирӣ омода аст. Онро Шумо метавонед зеркашӣ карда, дар YouTube ҷой диҳед ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ