Агар Шумо диққатро ба видео ҷалб карданӣ бошеду ба як қисми асосии он таваҷҷӯҳро нигаронида бошед, пас аз хадамоти ройгони Vizia.co истифода баред.
Ин восита имкон медиҳад, ки диққати бинандагонро ба тамошои фаъолонаи сабти видеоӣ ҷалб намояд. Бинандагон метавонанд ба пурсишҳо дар бораи воқеаҳои рӯйдодаистодаву навгониҳо ҷавоб диҳанд, овоз диҳанд, фикру андешаҳои худро баён намоянд.
Истифодабарии Vizia.co хеле оддӣ мебошад. Пас аз қайд гузаштан Шумо истинодро (ссылка) ишора мекунед, ки дар YouTube ҷойгир карда шудааст. Дар рафти пахш шудани видео нишонҳои худро бо пурсишҳо ва қайдҳо мегузоред ва ҳамин тавр истифодабариро аз ин хадамот истифода мебаред.